Холмӯъмин Сафаров, райиси корхонаи давлатии «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки аз хешовандони наздики президент Эмомалӣ Раҳмон ҳаст, дар пайи як сӯиқасд дар Душанбе ба ҳалокат расид.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, номбурда шаби гузашта, 13 июн, дар маҳаллаи "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтааст. Бино ба навиштаи сомонаи ВКД, соатҳои 21:40 дақиқа, дар кӯчаи Сино-42, назди боғчаи бачагони №2 шахсони номаълум директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Холмуъмин соли таваллудаш 1955, истиқоматкунандаи кӯчаи Синоро тавассути таппончаи тамғаи «Макаров» аз қисмати рӯй, қафаси сина ва шикам захмӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Ҷабрдида дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок мегардад. Айни замон бо фармони Вазири корҳои дохилӣ гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ созмон дода шуда, ин қазия таҳти назорати қатъӣ гирифта шудааст. Дафтари матбуотии вазорат иттилоъ медиҳад, ки шахсоне, ки дар ошкору дастгир намудани ҷинояткорон кӯмак ва мусоидат мекунанд, бо маблағи калони пулӣ мукофотонида мешаванд.
Ҳамсояҳои Холмӯъмин Сафаров мегӯянд, касе дар ин муддат садои тирро нашунидааст ва ба ин сабаб ҳадс зада мешавад, ки афроди ҳамлагар аз таппончаи бидуни садо истифода кардаанд. Ҳамчунин,онҳо меафзоянд, ки Сафаров ҳангоми бозгашт аз масҷид, ки он ҷо намози хуфтанро адо карда буд, ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.
Гуфтанист, марҳум дар ноҳияи Восеъи вилояти Кӯлоб ба дунё омада, хатмкардаи ДМТ буд. Ӯ язна, ё шавҳари хоҳари президент Раҳмон аст.
Мӯҳр