Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:06

Генерали рус аз шароити тамрини низомӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ кард

14 июн 2012, 12:41

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рафти машқҳои ҳарбии муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар машқгоҳи ҳарбии Чоруқдаррон назорат намуд.

Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, дар қисмати ниҳоии машқҳои муштараки ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ ва нерӯҳои махсуси давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай  беш аз 2,5 ҳазор низомиён, зиёда аз 300 адад техникаи вазнини зиреҳпӯш ва 50 чархболу ҳавопаймои ҷангӣ сафарбар шуда буданд.
Ҳадафи асосии ин машқҳо дар амал санҷидану сайқал додани ҳамоҳангии амалиёти муштараки нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шароити наздик ба ҳолати ҷангӣ дар кӯҳу биёбон буда, чунин машқҳои бузургмиқёси кишварҳои аъзои ин созмон дар Тоҷикистон бори нахуст баргузор гардид.
Бино ба иттилоъи расида, ҷараёни ин тамринотро президенти Тоҷикистон ва вазирони дифоъи кишварҳои узви СҲШ, намояндагони ҳарбии кишварҳои  Амрико, Олмон, Фаронса, Покистон,Ҳиндустон ва Афғонистон назорат карданд.
Дар оғози  машқҳои ҳарбии муштарак Александр Постников, сардори ситоди кулли Артиши Русия, гуфт ки  дар машқгоҳи шимоли Тоҷикистон ҳама гуна шароит барои тамринҳои ҳарбӣ, бахусус машқҳои фармондеҳиву ситодӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият фароҳам карда шудааст. Ӯ изҳори умед кард, ки баргузории ин машқҳо ҷиҳати бартараф намудани  хатарҳои эҳтимолӣ дар оянда муҳим хоҳад буд.
Ӯзбакистон, ки аз замони таъсиси СҲШ дар  машқҳои ҳарбии муштараки  он иштирок накардааст, ин навбат ҳам бидуни тавзеҳ аз ширкат дар машқи муштараки ҳарбии ин ниҳод дар Тоҷикистон канорагирӣ кардааст. Машқҳои муштарак таҳти фармондеҳии фармондеҳи қушунҳои хушкигарди Тоҷикистон, генерал-майор Эмомалӣ Собиров сурат гирифт.
Маврид ба ёдоварист, машқҳои ҳарбии муштараки нахустин дар моҳи августи соли 2003-юм дар қаламрави Қазоқистону Чин баргузор шуда буд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!