Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:15

Нахустин, беҳтарин, зеботарин….

6 июн 2011, 08:52

Чун аз ин китоб мехоҳем сухан гўем, ногузирем, дар ҳар тавсиф  аз сифати тафсилии  «тарин» истифода кунем.

Маҷмуа шомили  намунаҳои беҳтарин ва шавқангезтарин ашъори бачагонаи тоҷик аст, ки мутааллиқ ба  А.Деҳотӣ, Ғ.Мирзо, Г.Сулаймонӣ, У.Раҷаб ва  осори шифоҳии мардум мебошад.

Рассомон падару писар Сулаймон ва Озар Шарифӣ  дар ороиши  китоб аз рангҳои равшан ва шод истифода кардаанд, ҳама касу ҳама чиз дар мусаввараҳои  онҳо  дар ҳоли ҳаракат ва зиндагист, ки ҳамроҳ бо шеърҳои дилангез  завқи зебоиписандӣ ва адабии    кўдаконро парвариш  медиҳад ва зеҳни онҳоро таҳрик мебахшад.

Маҷмўа  аз тариқи нашриёти «Ирфон» ва бо тиражи 5 ҳазор нусха дар яке аз чопхонаҳои Ҳонконг чоп шуда ва барои нахустин бор дар китоби бачагонаи тоҷикӣ аз муқоваи махсуси нарм ва коѓази картонӣ истифода гардидааст, ки  умри китобро тўлонӣ  менамояд.

Ин китоб, ки «Саги сиёҳи майда, гурбачаи думҳалқа, гелоси зарди саврӣ» ном дорад, бо ибтикор ва эҳтимоми соҳибкори тоҷик Абдухалил Холиқов чоп шудааст.

Ва аммо чунон ки мегўянд, шунидан кай бувад монанди дидан ва «мушк он аст, ки худ бибўяд, на он ки аттор бигўяд».{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!