Бахшҳо

ММ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани Нур Нуров розигӣ дод

Рӯзи гузашта (14-уми июн) дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси ММ МО ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид.

Тавре Шафқат Сайидов, ёвари райиси палатаи болоии парлумон оид ба равобит ба ҷомеъ иттилоъ дод,   аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба баррасии 57 масъалаҳои дар он шомилгардида, шурӯъ намуданд.
Зимнан, 7 қонунҳои наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили «Дар бораи ангишт», «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо», «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, «Дар бораи криптография» дар ин зимн аз қабили масоили мавриди дастгирии аъзои Маҷлиси миллӣ буданд.
Инчунин, бо Қарорҳои дахлдори дар иҷлосия тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси илтимосномаҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қабулгардидаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Ванҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мӯъминобод тағйир ёфта, дар деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  деҳаи Ваҳдат таъсис ва сарҳади ноҳияи Данғара тағйир дода шуд.
Ҳамзамон, тибқи рӯзнома аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Прокурори генералӣ Салимзода Шерхони Одинаро бобати додани ризоият барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳангоми зарурат ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуров Нур Эрмоновичро қонеъ карда, муроҷиати унвонии иҷлосия воридгардидаи муштариён ва кормандони  ҶДММ “Мовароуннаҳр”-ро барои баррасӣ ба Суди Олӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)