Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:21

Мудири тарабхонаи «Тоҷикматлубот» мавриди латукӯб қарор гирифт

15 июн 2012, 06:02

Шаҳрванди 26-солаи  Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби  се нафар ҳамватани худаш дар Душанбе латукӯб шудааст.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар ин бора ба вазорат аризаи Миргазанфари Алӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон, сокини кӯчаи Бохтар, ки феълан мудири тарабхонаи «Тоҷикматлубот» шуда кор мекунад, ворид гаштааст.
Бино ба қавли ӯ, рӯзи 13 июни соли ҷорӣ се ҳамватанаш  бе ягон асос дар ҷойи кор ба номбурда дарафтода, латукӯб кардаанд.
Зимни  гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейнисангари Саёдразӣ Мирраҳмони 29- сола,  Ҳусенисангари Миралиризо Мирраҳмони 24-сола, ва Саидасғар Оғосодот Саидисмоили 45- сола, муваққатан сокинони меҳмонхонаи «Пардис»-и пойтахт дастгир карда шуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!