Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:13

42 фоиз арзон шудани нархи пахта дар бозор

15 июн 2012, 06:39

Нархи пахта давоми як ҳафтаи охир боз 42 доллари дигар арзон шуда, рӯзе пеш дар биржаи Маскав то 2 ҳазору 82 доллар поён омад.

Коҳиши нархи як тонна пахта давоми 1,5 моҳи охир ҳудуди 500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки пахта дар баробари алюминий маҳсулоти асосии содиротии кишвар буда, манбаи асосии даромади деҳқонони тоҷик маҳсуб меёбад
Айни ҳол дар Тоҷикистон майдони кишти пахта 210 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.   Омор агар дар қиёс ба соли гузашта гарчанде зиёд нашудаст, дар нақша аст, ки ҳосил аз порсола бештар шавад. Аз ҳисоби зиёд намудани ҳосилнокӣ имсол  масъулини вазорати кишоварзӣ ният доранд, 420 ҳазор тонна пахта ҷамъ намоянд.
Дар шароити арзонишавии пахта, таҳлилгарон роҳи зиёд намудани фоидаро аз пахта роҳандозии коркарди пурраи он дар дохили Тоҷикистон меноманд, ки метавонад фоидаро аз пахта ҳудуди 12 маротиба бештар намояд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
нархи пахта то 09-09-2014 дар биажа чанд доларро ташкил медихад

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!