Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:15

Лавров: Мухолифи таҳдидҳои якҷониба ҳастем. Амрико ба мухолифони давлати Сурия силоҳ медиҳад

15 июн 2012, 09:36

Ба гузориши хабарнигори сиёсати хориҷии хабаргузории Форс, Сергей Лавров  вазири хориҷаи Русия ду рӯз қабл аз ин дар нишасти матбуотии муштарак бо Алиакбар Солеҳӣ, бар мухолифати кишвараш бо ба коргирии таҳримҳои якҷониба алайҳи Эрон, таъкид кард ва таҳримҳои як ҷонибаро созанда ва мусбат надонист.

Вай дар хусуси изҳороти Ҳиллари Клинтон вазири хориҷаи Амрико дар бораи ин ки Русия  чархболҳои низомӣ дар ихтиёри давлати Сурия қарор медиҳад, таъкид кард: қарордодҳои мо бо Сурия хилофи қавонини  байналмилалӣ нест ва ин Амрико аст, ки аслиҳа дар ихтиёри мухолифони давлати Сурия қарор медиҳад.
Вазири хориҷаи Русия бо ишора ба омодагии кишвараш барои баргузории конфронсе бо ҳузури 15 кишвар дар хусуси таҳавулоти Сурия, хотирнишон кард: мо хостори ҳимояти ҳамаи бозигарон ва тарафҳо аз иҷрои тарҳи Куфӣ Анон ҳастем.
Лавров бар таваққуфи ҳаргуна хушунат дар Сурия таъкид кард ва гуфт, ки мавзеъи Русия ва Эрон дар хусуси Сурия яксон аст.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!