Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:15

Ҳазфи нафти Эрон аз бозори ҷаҳонӣ имконнопазир аст

15 июн 2012, 10:28

Раиси бахши амнияти энергии маркази мутолиоти энергии донишгоҳи милии Сингапур бо ишора ба сиёсати Ғарб дар таҳрими нафти Эрон гуфт, нафти Эрон аз аҳамияти зиёде барои бозорҳои байналмилалӣ бархурдор аст.

Бархе аз кишварҳои арабии содиркунандаи умдаи нафт, назири Либӣ ва Ироқ даргири пайомадҳои бархоста аз ҷанги дохилӣ ҳастанд, бархе содиркунандагони кучактар, назири Судон ва Яман мушкилоти хоси худашонро доранд ва риски густариши инқилобҳои арабӣ ба дигар кишварҳои тавлидкунандаи нафт низ вуҷуд дорад.
Ба эътиқоди таҳлилагарон, имкони иҷрои таҳримҳои тасвиб шуда бар алайҳи Ҷумҳурии исломи Эрон вуҷуд надорад. Ин бад он маъност ки танҳо кишварҳои ғарбӣ таҳримҳоро иҷро хоҳанд кард. Аммо воридкунандагони аслии нафти Эрон дар Осиё, назири Чин  ва Ҳинд, ба хариди нафт аз Эрон идома хоҳанд дод. Бо ин ҳол, маҳдудиятҳои бонкӣ, содироти нафти Эронро коҳиш хоҳад дод.
Эрон дар қонуни буҷаи соли ҷории худ, баҳои ҳар бушка нафтро 85 доллар таъин карда аст. Ҳамчунин ҳаҷми содироти рузонаи нафт низ 2.4 милиюн бушка дар назар гирифта шуда аст. Баҳои нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар ҳафтаҳои ахир коҳиш ёфта ва аз 124 доллар дар ҳар бушка дар моҳҳои гузашта, ба камтар аз 100 доллар дар ҳар бушка, суқут карда аст.
Коршиносон мегӯянд, агар таҳримҳо иҷро шаванд ва кишварҳои шарқӣ низ ӯҳдадор ба коҳиши воридоти нафти Эрон бошанд, эҳтимолан баҳои нафт муҷаддадан афзоиш хоҳад ёфт. Албатта, ин тамоми достон нест. Таҳримҳо алайҳи Эрон имкони бурузи ихтилоф байни Эрон ва кишварҳои ғарбиро низ афзоиш медиҳад, ки ин мавзӯъ дар навбати худ, мӯҷиби афзоиши нархи нафт хоҳад шуд:
«Таъиини баҳои 85 доллар барои ҳар бушка нафт  дар қонуни буҷаи Эрон, тасмиме муҳофизакорона аст, зеро ҳатто кишварҳое назири Арабистон, ки ба коҳиши нархи нафт кӯмак кардаанд, тамоюл доранд, ки баҳои нафт дар марзи ҳар бушка 100 доллар собит шавад. Бинобар ин, арзёбии Эрон аз баҳои нафт дар қонуни буҷа воқеъбинона  аст».
Дар тайи моҳҳои ахир, Эрон ба манзури бе асар сохтани таҳримҳои Ғарб, пешниҳоди анҷоми муомилоти паёпай , истифода аз арзҳои миллӣ ва ҳамчунин истифода аз тилло ба ҷои доллар ва евро, дар муомила бо харидорони аслӣ, нафтро матраҳ карда аст.
Ҳудуди 20 рӯзи дигар таҳримҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи бахши нафтӣ ва бонкии Эрон иҷроӣ хоҳад шуд. Ин мавзуъ пештар таъсиротеро бар фуруши нафти Эрон бар ҷой гузошта аст. Оморҳо нишон медиҳад кишварҳои Чин , Ҷопун Кореяи ҷануби ва Туркия ба унвони  муштариёни аслии нафти Эрон, дар тайи ду моҳи гузашта, ба тартиб 22, 38, 28,22 ва 11 фоиз воридоти худро аз Эрон  коҳиш медиҳад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!