Бахшҳо

Маҳмадсаид Убайдуллоев: Нагузоред, ки ҳуқуқҳоятон поймол шаванд

Субҳи имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати мири пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Зимни нишаст масоили марбут ба ҳаёти хоҷагидории шаҳр баррасӣ гардид, ки дар кори он дар радифи раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаҳои коммуналии  мусофиркашонӣ,  кулли ҷамъиятҳои ба хизматрасонии хатсайрҳо дар шаҳр вобастабуда, намояндагони воситаҳои ахбори омма низ ширкат варзиданд.

Бино ба қавли Шафкат Саидов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе қабл аз ҳама вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, мувофиқ ба қарори дахлдори раиси шаҳр риояи тарифҳои аз 1 июни соли 2011 муқарраргардида,  хатсайру фарҳанги  мусофиркашонӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқи мусофирон ва сокинон  шаҳр мавриди баррасию таҳлил қарор дода шуд.

Зимнан, баҳри ташкили фаъолияти пурсамари субъектҳои хизматрасон, пурзӯр намудани назорати шаффофи ҷамъиятӣ, тақвияти корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ ва истифода аз потенсиали институтҳои шаҳрвандӣ дар ин самт, бо инобати феълан мақсаднок мувофиқ ба иҷрои қарори дахлдори раиси шаҳр аз тарафи радиоҳои «Азия-Плюс» ва «Ватан» назорати ҷамъиятии хатсайрҳои микроавтобсуҳои сектори хусусӣ ва рӯзномаҳои «Вечерний Душанбе»  ва «Вечёрка» хатсайрҳои хизматрасонии корхонаҳои коммуналии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус» анҷом гирифтан, аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев  дар асоси мувофиқа муқаррар карда шуд, ки назорати ҷамъиятии хатсайрҳои микроавтобусҳои №№1, 2, 4, 44, 7, 8, 10, 25, 33, 52  ва 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19, 28, 54 аз зиммаи  комиссияҳои марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гирифта, мутаносибан ба хабаргузориҳои интернетии «tojnews.tj», «ozodagon.tj», «pressa.tj», радиои «Имрӯз» ва телевизиони СМТ вогузор карда шавад.

Зимнан, раиси шаҳр аз роҳбарони васоити ахбори оммаи зикргардида даъват кард, ки ҳамкорияашонро бо ситоди шаҳрӣ дар доираи иқдомоти шаҳрдорӣ оид ба соли ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ вусъат бахшида, таваҷҷӯҳи заруриро пеш аз ҳама ба он равона созанд, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқи мусофирон муқаррароти аз 1 июни соли 2011 дар асоси қарори раиси шаҳр ҷоригардида: дар ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ, новобаста аз шакли моликияташон, бо насби рақами хатсайри дар он арзиши роҳкиро аз ду ҷониб дарҷгардида, дар дохили нақлиёт нақшаи ҳаракату масофаи хатсайр, ҳангоми фаъолияти нақлиёт бо истифода аз  гази моеъ дар дохил ва беруни он гузоштани аломати муайянкунанда ва телефонҳои корхона ё ҷамъиятҳои хизматрасон, ҳамчунин фурӯши чиптаҳо зери масъулияти роҳбарони корхонаҳо ва ҷамъиятҳои ба мусофиркашонӣ машғулиятдошта ташкил  карда шавад, комилан риоя гардад.

Дар робита ба ин аз мусофирон хоҳиш карда шуд, ки дар мавриди  истифодаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва пардохти ҳаққи роҳкиро нагузоранд, ки аз ҷониби ронандагон ҳуқуқҳояшон поймол карда шавад.

Вобаста ба гузоштани нуқтаи ниҳоӣ оид ба фаъолияти минбаъдаи микроавтобусҳои ба истилоҳ «Тангем», ки дар қарори марбутаи раиси шаҳр нисбати ҳамчун нақлиёти мусофиркашонии истифодаи умум қарор гирифтани онҳо таъкиде нест ва то имрӯз тибқи мушоҳидаҳо фаъолияти худсаронаи онҳо дар хатсайрҳо дида мешавад, ба масъулини соҳа дастур гардид, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин хулосаҳои дахлдори  вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдоро унвонии шаҳрдорӣ ирсол намоянд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)