Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон қабл аз зӯхри имрӯз муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Лутфулло Фурӯзандаро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ба кор даровардани чархаи дуюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон, ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқии ду кишвар, кашидани лӯлаи об аз Тоҷикистон ба Эрон баррасӣ шуд.
Ҳамзамон, ҳар ду ҷониб аз фаъолияти 150 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон ва афзоиши тиҷорати мутақобила, ки соли 2011 ҳаҷми умумии он ба 204 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба соли 2010 2% афзудааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми мулоқот таъкид дошт, ки «имкону захираҳо барои якчанд маротиба боло бурдани нишондодҳои табодули молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон хеле зиёд аст».
Мӯҳр