«CocaCoLa» ширкати маъруфи ИМА, ки нуфузи ҷаҳонӣ дорад ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ карда, эҳтимол аст, ки ҳудуди 25 миллион долларро дар кишвар сармоягузорӣ намояд.
Ин нуrтаро рӯзе пеш Кен Гросс, сафири ИМА дар Тоҷикистон изҳор дошт.
Дипломати амрикоӣ таъкид кард, ки албатта ин ширкат чун ҳар сармоягузори дигар қаблан муҳити сармоягузорӣ, андозбандӣ, фасод ва ғайраро меомӯзад.
Сафири ИМА мегӯяд, раванди ҷалби сармоягузор айни ҳол миёни давлатҳои ҷаҳон ба як навъ мусобиқа табдил ёфтаст, ки масъулини тоҷикро мебояд дар он фаъолтар шаванд:
«Кадом давлат шароити соҳибкорию сармоягузории беҳтарро муҳайё намояд, сармоягузор ба он ҷо маблағгузорӣ мекунад. Мо наметавонем, сармоягузорони ИМА – ро ба маблағгузории лоиҳаҳои Тоҷикистон водор намоем. Вақте шароити хуб дар ин ҷо муҳайё шуд, сармоягузор худаш меояд».
Мӯҳр