17 июн дар саросари дунё ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ бо доир гардидани чорабиниҳои мухталифи экологӣ таҷлил мешавад.
Гузашта аз ин СММ солҳои 2010- 2020-ро даҳсолаи мубориза бар зидди биёбоншавӣ эълон доштааст.
Маврид ба ёдоварист, Тоҷикистонро бо кўҳсорони осмонбўсаш дар олам мешиносанд, аммо дар бораи даштҳои бесамари он маълумот хеле кам аст. Дашту биёбонҳо дар Тоҷикистон асосан дар доманакўҳҳо, дар баландии аз 300 то 500 аз сатҳи баҳр, дар шимол дашти Ашт – қисми ғарбии водии Фарғона, дар ҷанубу ғарбӣ поёнобҳои Кофарниҳон Вахш ва Панҷ мансуб ба биёбонҳост. Ин ҷо боришоти солона аз 175 мм то 300 мм ба мушоҳида мерасад.
Зимнан, дар асоси фармони сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 22.02.2012 таҳти № 12 оиди гузаронидани амалиёти «Тозагии маҳал» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нақша-чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ кардашуда то ҳол як қатор чорабиниҳо гузаронида шуд. Дар ин замина ҳар ҳафта дар маҳалҳо ҳашару шанбегиҳо гузаронида мешаванд. То ин дам дар чунин чорабиниҳо зиёда аз 48 ҳазор нафар шаҳрвандон иштирок намуда, 1656 метри мукааб партовҳои сахти маиширо ба партовгоҳҳо баровардаанд.
Мӯҳр