Бахшҳо

Сохтмони дарғоти НБО-и Роғун боз ба таъхир афтод

Дар ин бора Шӯрои нозирони ҶСК ин неругоҳ қарор баровардаст.

Тибқи ин иттилоъ, дигар кардани маҷрои дарёи Вахш ва барқарорсозии дарғоти нерӯгоҳ  ба таъхир андохта мешавад.  
Далели инро масъулини Шӯрои назоратӣ ҳанӯз ҳам пешниҳод нагардидани хулосаи экспертҳои байналмилалӣ доир ба асосноккунии техникӣ иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ – экологи нерӯгоҳи Роғун меноманд.
Ин дар ҳолест, ки беш аз як сол пеш Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон изҳор дошт, ки 1,5-2 сол пас навбати якуми нерӯгоҳи «Роғун» мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Аммо ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ гузаронда мешавад, ҳанӯз ҳам анҷом наёфтаст. Наздики ду сол мешавад, ки  лоиҳаи НБО и Роғунро аз нигоҳи экологӣ, ширкати швейтсариягии  «Poiry Energy LTD» омӯхта,  Консорсиуми байналмилалии дигар, зери роҳбарии ширкати фаронсавии «Coyne et Bellier Consultinq Engineers» ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи НБО-и «Роғун» машғул мебошад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ахиран изҳори умед кард, ки хулосаи ниҳоии ташхис на дертар аз моҳи феврали соли оянда пешниҳод хоҳад шуд.
Тибқи меморандуми ҳамкорие, ки ду сол пеш байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ имзо шудааст, дар сурате, агар иддаои Ӯзбакистон, оиди зарарҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии НБО – и Роғун, зимни ташхиси  байналмилалӣ тасдиқи худро наёбанд, Бонки ҷаҳонӣ ваъда додаст барои ёфтани сармоя, ҷиҳати татбиқи лоиҳаи Роғун кӯмак мекунад.
НБО-и Роғун дар масофаи 110 километр дуртар аз Душанбе сохта шуда, дар он насби 6 агрегати иқтидори ҳар якашон 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Баландии сарбанди Роғун, ки мояи асосии норозегии Ӯзбакистон шудааст,  тибқи лоиҳаи НБО бояд 335 метрро ташкил дода, ҳаҷми обанбори нерӯгоҳ ба 13,3 километри мукааб баробар хоҳад шуд.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)