Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:10

418 кило маводи мухаддир дар ҷануби кишвар дарёфт шуд

18 июн 2012, 04:30

Зимни амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Шӯрообод пинҳонгоҳи  қоҷоқчиёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ошкор гардид.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, ҳангоми азназаргузаронии мавзеъи Деволбарси ин минтақа, аз махфигоҳи вижа 1 адад найзакорди бе рақам (штикнож) 20 адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон маводи нашъадори «бангдона» буд, дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни ташхис муайян карда шуд, ки  вазни холиси маводи нашъадор  418 килою  980 граммро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!