Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:59

Дар Тоҷикистон бо сайёҳон бо «имову ишора» муомила мекунанд

18 июн 2012, 06:13

Масъулини Асосиатсияи рушди саноати сайёҳии Тоҷикистон мегӯянд, баъди инъикоси камбудиҳои муносибати бархе аз масъулини давлатӣ бо сайёҳон, сар задани як чунин ҳаводиси номатлуб нисбатан кам шудаст.

Дар маҷмӯъ, таҳлилгарони Асосиатсия иқроранд, ки ҳанӯз камбудиҳо дар муносибати бархе аз масъулини ниҳодҳои давлатӣ ва дигар сохторҳои бо сайёҳӣ омехта, пурра бартараф нашудаанд.
Қаблан Лочин Файзуллоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, муносибати баъзе аз намояндагони ниҳодҳои давлатиро бо туристҳо «муносибати шикорчӣ бо сайд» унвон карда буд:
«Меҷӯянд, то аз куҷо як сайёҳеро ёбанду аксаран ғайриқонунӣ маблағ ситонанд. Ин ҳолат махсусан дар фаъолияти кормандони бахши муҳити зист ва хоҷагии ҷангал ба назар мерасад. Мо бояд ошкор гӯем, то камбудиҳо ислоҳ шаванд.  Муносибати сарҳадчиён, гумрукчиён ва дигар мақомоти дар фурӯдгоҳҳо фаъолияткунанда ҳам яке аз монеаҳои рушиди туризм аст».
Ба гуфтаи Файзуллоев, бе беҳбуди хизматрасонӣ дар симои фаъолияти гумрукчиён, сарҳадбонон ва дигар мақомоти ба сайёҳӣ омехта пешрафти соҳа мушкил аст:
«Вақте табъи туристро ҳангоми ворид шудан ба кишвар  хира мекунем, вай дигар ба мамлакати мо барнамегардад.  Инчунин сайёҳон ба мо аз сатҳи забондонии одамони  дар фурудгоҳҳо фаъолияткунанда шикоят мекунанд.  Ба ғайр аз бахшҳои консулгарӣ, кормандони ниҳодҳои дигари дар фурудгоҳ фаъолияткунанда аз забони англисӣ тасаввурот надоранд. Бо сайёҳон тавассути имою ишора муомила мекунанд».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!