Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:29

Пирӯзии «Парвоз» ва «Регар ТадАз» бо ҳисоби калон

18 июн 2012, 10:17

Бозиҳои даври 11-уми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин сабқат тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дастаи «Ҳосилот»-и Фархорро дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби калони 6:1 шикаст дод. Дастаи «Зарафшон»-и Панҷакент дар майдони худ аз «Истаравшон»-и Истаравшан  бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд.
Тими «Регар ТадАЗ»-и Турсунзода бошад, дар майдони бар дастаи «Хайр»-Ваҳдат бо ҳисоби 5:2 дастболо шуд. Дар бозии охирони ин давр дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ аз тими «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Ду бозии даври 11-ум, миёни дастаҳои ССКА «Помир» – «Энергетик» ва «Вахш» – «Равшан» аз вақти муайяншуда, ба мӯҳлати дигар гузаронида шудааст. Ин тасмим бино бар сабаби ширкат намудани дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22) аз сар гирифта шудааст.
(Тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё Осиё (U-22) аз 23-юми июн то 3-юми июл дар Малайзия ширкат мекунанд).
Бозиҳои дигари давр дар чунин вақт доир мешаванд:

Даври 12-ум

23 июн «Ҳосилот» - «Истаравшан»
«Истиқлол» - «Зарафшон»
24 июн «Хайр» - «Хуҷанд»
«Равшан» - «Регар-ТадАЗ»
Оғози бозиҳо соати 17:30




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!