Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:56

Маскав 80-солагии Мӯъмин Қаноатро таҷлил менамояд. Бо шукӯҳ ва шаҳомат

18 июн 2012, 11:01

Дар бинои «Хонаи миллатҳои Маскав» бахшида ба 80 -солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат  рӯзи 28 июн маҳфили адабӣ доир мегардад.

Абдулло Давлатов, райиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия ба хабаргузории Озодагон гуфт, дар маҳфили назму шеър худи устод, шогирдону муҳаққиқони эҷодиёти ӯ аз Тоҷикистон, ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, гурӯҳҳои эҷодкори Афғонистон, Эрон ва Федератсияи Русия ширкат мекунанд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин маҳфили назм кумитаи тадорукотӣ аз ҷумлаи намояндагони иттифоқи тоҷикони Русия, намояндагии фарҳанги назди Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ассосиатсияи созмонҳои «Самандар» ва «Нур»- и тоҷикон ва ҷамоаи афғонҳо таҳти раёсати шоир ва тарҷумони шинохта Михаил Синелников ҳамаи хоҳишмандони назми волои бадеъро ба маҳфили халқҳои форсизабон бахшида ба солгарди шоири маҳбуб даъват менамоянд.
Инчунин манбаъ афзуд, ки зимни баргузории маҳфил  барномаи консертӣ ва намоиши китобу расмҳо  барои ҳаводорони маҳфил доир мегардад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!