Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:50

Душанбе муваққатан бе об мемонад. Чаро?

18 июн 2012, 11:29

Аз соати 22:00-и имшаб (18-уми июн) то соати 24:00-и фардо дар бархе маҳалла ва минтақаҳои  Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад.

Тавре ба Озодагон аз шаҳрдорӣ иттилоъ доданд, муваққатан қатъ гардонидани  интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати пайваст намудани шоҳқубури корезии кӯчонидашудаи қутраш 1200 мм дар кӯчаи Н.Қарабоев  мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, бояд ба  инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонии интиқоли оби нӯшокӣ ба шаҳракҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишинӣ ноҳияи Сино аз ҷумла шаҳракҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15«а», 31, 32, 33, 52, 53, 82, 83, 84, 101, 102, 103, 104, 112, Испечак-1 ва 2, Зарафшон-1 ва 2, квартали Муҳандис, кӯчаи Шестопалов қатъ карда мешавад.
Инчунин,  дар маҳаллаҳои Деҳи Боло, Деҳи Поён, Лучоб, Буни Ҳисорак, Навободи боло,  Навободи  поён,   Меҳробод,  Панҷрӯд,  Испечак-1, 2, 3,  Қазоқон-1, 2, Ҳаёти Нав, Мовароуннаҳр, Яккачинор, Роҳи Нав, Чортут, Раҳмон, Набиев, 40-солагии октябр, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камонгарон, Дӯстӣ, Авул-1,2, Шараф интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад.
Ҳамзамон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, шаҳракҳои  23, 24, 41, 42, 43, 44, 45, 46, 61, 62, маҳаллаҳои Равшангарон, Яккачинор, Крупская интиқоли оби ошомиданӣ қатъ мегардад.Биноан, аз сокинони шаҳракҳо ва маҳаллаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои 32 соат захира намоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!