Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Сияр Абдураҳмон ал-Мавдаҳ, сафири ғайримуқими давлати Қатар дар Душанбе мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Озодагон иттилоъ доданд, ҷонибҳо зимни дидор масъалаи рушди соҳаи истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ, туризм ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои мухталифро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар ин нишаст ҷалби ширкатҳои бузурги давлати Қатар дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои ҳаётан муҳими кишвар низ матраҳ гардидааст. Шариф Раҳимзода иштироки фаъоли ширкатҳои қатариро дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ самараи неки ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ намудааст.
Манбаъ мегӯяд, зимни ҳамоиши мазкур Сияр Абдураҳмон ал-Мавдаҳ гуфт, баҳри вусъат додани муносиботи иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бо ҳам дӯст ҳамчун сафири ғайримуқими Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард.
Мӯҳр