Бахшҳо

Дипломҳои Тоҷикистон дар Аврупо низ эътибор пайдо мекунанд

Конвенсия оид ба пазируфтани маълумоти олии ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо ба имзо расид.

Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд.Бино ба қавли манбаъ зери ин санад, имрӯз райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  Дабири кулли Шўрои Аврупо Торберн Янгланд имзо гузоштанд.

Ҳамчунин, имрӯз дар шаҳри Страссбурги Фаронса Эъломияи муштараки ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои Аврупо эълон гардид, ки дар он самтҳои густариши робитаҳои минбаъдаи ду ҷониб муайяну мушаххас гаштааст.Эмомалӣ Раҳмон ва Торберн Ягланд зимни нишасти матбуотӣ ба суолҳои хабарнигорон дурнамои рушди муносиботи Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он фароху умедбахш арза доштанд.
Торберн Ягланд изҳор дошт, ки президенти Тоҷикистон нахустин роҳбари давлат аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки ба Шўрои Аврупо ташриф овард. Ў ҳамчунин ба нақши Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, ҳавасмандии Шўрои Аврупо ва Иттиҳоди Аврупоро ба густариши ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон таъкид намуд.
Интизор меравад, ки сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуда, бо президенти парлумони Аврупо Ежи Бузек ва роҳбарони як қатор кумитаҳо ва дигар сохторҳои он мулоқот  анҷом диҳад.

Ёдрас менамоем, президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайати калони ҳукуматӣ ҷиҳати анҷоми боздиди расмӣ феълан дар Фаронса қарор дорад ва дар доираи ин сафар аз кишварҳои Австрия, Люксембург ва Маҷористон низ дидан мекунад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)