Тӯли як соли охир гушти гов дар бозорҳои пойтахт 40 фоиз қиммат шуда, феълан аз рӯи маълумоти расмӣ ба ҳисоби миёна 31 сомонию 13 дирам фурӯхта мешавад.
Тавре ба хабаргузории Озодагоназ аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли гузашта як кило гушти гов дар нуқтаҳои савдо 23 сомонӣ фӯрухта мешуд.
Бино ба иттилои манбаъ аз ҳама гушти арзон дар дӯконҳои гуштфӯрушии бозорҳои «Шоҳмансур» ба назар мерасад, ки нархи он 30 сомониву 50 дирам ба фӯруш гузошта шудааст. Ин нишондод дар нуқтаҳои гуштфурӯшии бозори «Саховат» ва «Деҳқон» ба 31 сомонӣ баробар аст.
Манбаъ афзуд, ки аз ҳама нархи гарон дар бозори Варзоб мушоҳида карда шуд, ки як кило гушти гов 32 сомонӣ ба фӯруш гузошта шудаааст.
Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд , ки дар баъзе дӯконҳои гуштфурӯшӣ нархи як кило гушти гов 34-35 сомонӣ арзиш дорад.
Мӯҳр