Бахшҳо

Хатсайри Душанбе-Боку ифтитоҳ мешавад. Як моҳ баъд

Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН, Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон  Аббосалӣ Каром оғлу Гасановро ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар, дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои  сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзӯоти мавариди таваҷҷӯҳи тарафҳо муҳокима шуданд.
Зимнан, Зуҳуров дипломати озарбойҷониро ба муносибати Сафири фавқулодда ва мухтори Озарбойҷон дар  Тоҷикистон таъин шуданаш  муборакбод гуфта, ба вай ва ҳайати кормандони сафорати ин кишвар ҷиҳати иҷрои фаъолиятҳои минбаъдаашон дар мамлакати мо ва амалӣ намудани барномаҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Озарбойҷон барори кору муваффақиятҳо орзу намуд. Номбурда ибрози умедворӣ намуд, ки бо таъин шудани Гасанов ба симмати сафир дар Тоҷикистон раванди муносиботи Душанбе ва Боку ба марҳилаи тоза ворид гардида, тамоюли рӯ ба рушдро касб мекунад.
- Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дорои як идда муштаркоти фарҳангиву таърихӣ ва мазҳабӣ мебошанд ва ин муштаракот метавонад заминаи мусоидро барои тақвияти ҳамкориҳои дигар соҳаҳо ба вуҷуд орад,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва илова намуд, ки миллати тоҷику озарӣ аз қадим байни якдигар дар бахшҳои мухталиф ба таври инфиродиву дастаҷамъӣ ҳамкорӣ ва муносибати дӯстона доштанд ва хушбахтона, ин шеваи муносибат то имрӯз ҳифз гардида, сол аз сол густариш ёфта истодааст.
Дар навбати худ сафири Озарбойҷон изҳор дошт, ки моҳи оянда байни шаҳрҳои Душанбе ва Боку хатсайри ҳавоии Душанбе – Боку – Боку – Душанбе ифтитоҳ хоҳад ёфт, ки ин барои боз ҳам наздиктар шудани ду кишвар  мусоидат мекунад.



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)