Бахшҳо
19 июн 2012 09:34Хабарҳои ҷаҳон

«ЧП»-и навбатӣ дар сарҳади Қазоқистон

11 нафар марзбони қазоқ аз дидбонгоҳи сарҳадии Қазоқистону Чин фирор кардаанд.

Дар ин бораи Хадамоти ҳифзи сарҳадоти Вазорати амнияти Қазоқистон хабар медиҳад.
Субҳи 18 июн, 11 нафар сарҳадбонони хидмати ҳатмии ҳарбӣ аз дибонгоҳи «Терсайрик», гурӯҳи сарҳадбонии Зайсанск, ки ноябри соли 2011 ба хидмати аскарӣ даъват шуда буданд, худсарона, бе силоҳ ҳудуди дидбонгоҳро тарк намудаанд. Феълан, фирориёнро хадамоти сарҳадбонӣ, пулис ва масъулини амният дар пайгард қарор додаанд , - гуфта мешавад дар изҳорот.
Сардори дидбонгоҳи сарҳадӣ дар аввал кӯшиши бо нерӯи дохилӣ пайдо намудани фирориёнро кардааст ва аммо баъди он ки кӯшишаш натиҷа надодааст, танҳо шоми 18 июн ба раҳбариятиХадамоти сарҳадбонӣ хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол, додситони низомии Қазоқистон аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз намуда, сабабҳои эҳтимолии сар задани ҳодисаро муносиботи ғайриоинномавӣ унвон кардааст.
Ин ҳодисаи дуввум аст, ки тайи як моҳи охир дар дидбонгоҳҳои сарҳадии Қазоқистон ба вуқӯъ мепайванданд. Чанде пеш як гурӯҳи  14 нафарии сарҳадбонон дар дидбонгоҳи сарҳадии «Арканкерген» кушта шуда, дидбонгоҳ оташ зада шуда буд. Владислав Челах, ягона аскари қатории дар ин ҳодиса ҷон ба саломат бурда феълан ба ҳайси гумонбар дар боздоштгоҳ қарор дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)