Валӣ Нурови 48 сола корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар фасод аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвар боздошт шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохила ба Озодагон иттилоъ доданд, Валӣ Нуров, аз Фахриддин Ҷураеви 21 сола, сокини шаҳри Душанбе, ки аз шаҳри Маскав бармегашт, барои бору боғоҷашро аз шӯъбаи боғочҳои фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе гирифтан, аз ӯ ба маблағи 200-сомонӣ ҳамчун пора мегирад: « Феълан нисбати ин корманди гумруки шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад».
Мӯҳр