Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:43

Ҳадафҳои Тоҷикистон ҳамчун кишвари пилотӣ дар СММ

20 июн 2012, 08:57

Тоҷикистон дар қатори панҷ кишвари дунё ба ҳайси кишвари пилотӣ ба барномаи СММ «Энергияи устувор барои ҳама» пешниҳод шудааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии он дастрасӣ ба энергия мебошад.

Ин нукта зимни муаррифии ҳисоботи «Баҳодиҳии бахши энергетикӣ» иброз гардид. Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, мақсади дигари Тоҷикистон  дар доираи ин ташаббуси СММ сарфаи энергия ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия низ ба ҳисоб меравад: «Ҷиҳати татбиқи мақсадҳои мазкур андешидани чораҳои дахлдор, аз қабили такмили асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ислоҳоти институтсионалии соҳа, ҷалби сармояи хусусӣ ва рушди муносибатҳои бозоргонӣ дар бахши энергетикӣ, таҳияи барномаи дарозмӯҳлат ва сиёсати мақсадноки сарфаи энергетикӣ дар ҳамаи бахшҳои иқтисод ва ҳамкории минтақавӣ дар ин самт пешбинӣ гардидааст».

Манбаъ мегӯяд, ҳисоботи «Баҳодиҳии бахши энергетикӣ» аз ҷониби гурӯҳи корие, ки аз ҳисоби кормандони вазорати рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, мелиоратсия ва захираҳои об, Агентӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва ширкати «Барқи тоҷик», ташкил ёфтааст.

 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!