Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:38

Вилояти Маскав барои муҳоҷирони тоҷик дари худро «боз» карданист

20 июн 2012, 09:06

Олег Молодие,сардори раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия  ва Владимир Балашов ,роҳбари шӯъбаи раёсати мазкур ба Душанбе ташриф оварданд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки  эшон бо роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати кишвар мулоқот намуда, ҷонибҳо масоили ҳамкории дутарафаро дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла масоили ҷилавгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ намуданд. Дар назар аст, таъмини назорати самарабахши соҳаи муҳоҷират, ҳамчунин муқаррар намудани квотаҳо барои ҷалби муҳоҷирони Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои кор дар Федератсияи Русия, зимни дидори ҷонибҳо матраҳ шавад: « Вохӯрии масъулини Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия  бо директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» - и Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон низ дар назар аст».
Манбаъ мегӯяд, дар ин нишаст масъалаи интихоби муташаккилона ва ба вилояти Маскав фиристодани муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор мегирад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!