Бахшҳо
20 июн 2012 09:25Хабарҳои ҷаҳон

ЕURO-2012: Ғолибон дар чорякфинал!

Гузашти ҳар рӯз, ҳар соат ва ҳатто ҳар дақиқа мухлисонро ба қисмати «асалӣ»-и яке аз сертамошобинандатарин сабқатҳои дунё наздиктар мебарад.

Мухлисони дастаҳои ноком бо садҳо алам дар дил ба ватан бармегарданд ва ҳаводорони тимҳои муваффақ бо ҳаяҷону изтироб идомаи рақобатҳоро тамошо мекунанд. Зимнан, даври охири қисмати гурӯҳии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо-2012 ба поён расид ва онҳое, ки бахт ба рӯяшон хандид ба даври чорякфинал роҳ ёфтанд.

Русия: Ашкҳои шашқатор ва дилҳои реш-реш
Шаби 16-уми июн дар даври сеюми гурӯҳи «А» ягона голи мунтахаби Юнон яккачини Русияро аз идомаи бозӣ маҳрум кард. Русҳо, ки дар нахустин дидор Чехияро бо ҳисоби бузург шикаст дода ва иддао мекарданд, ки дар гурӯҳи худ мақоми аввалро хоҳанд гирифт, акнун тамошобини қатории EURO-2012 хоҳанд буд. Мухлисони ин тим бошанд, бояд дастаи дигареро барои ҳаводорӣ кардан интихоб намоянд. Натиҷаи бозии дигари ин гурӯҳ низ 1:0 шуд. Футболбозони чех бартарии худро бар лаҳистониҳо нишон доданд.
Ҳамин тариқ Чехия ва Юнон ба даври баъдӣ мераванд. Бахти Русияву Лаҳистон шояд баъди чор соли дигар механдад?

Ҳолланд: Нокомии мутлақ дар таърихи футбол
Шаби 17-уми июн
Ҳолланд бори сеюм шикаст хӯрд. Дар таърихи мусобиқаи мазкур бори аввал аст, ки ин даста ҳамаи бозиҳояшро бой медиҳад. Ҳоландиҳоро дар даври сеюми сабқати гурӯҳӣ Португалия мағлуб кард (1:2). Бозии дигари гурӯҳи «В» низ бо ҳамин ҳисоб поён ёфт. Олмон низ ба дарвозаи Дания ду тӯб зад ва танҳо як гол сар дод.
Натиҷаи се давр Олмон ва Португалияро барои идомаи рақобатҳо бурд, аммо
Данияву Ҳолландро ба хона.

Испания ва Италия пешсафони гурӯҳи «С»  
Шаби 18-уми июн
дар даври сеюм тимҳои шомили гурӯҳи «C» вориди рақобат шуданд.  Хорватия натавонист ҳарифи пурзӯраш Испанияро шикаст бидиҳад ва бо вуҷуди талошҳо як голи онҳоро беҷавоб гузошт. Дар дидори дигар Италия Ирландияро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.
Испания баъди се бозӣ 7 имтиёз гирифт ва дар садри гурӯҳи «С» нишаст. Италия, ки
5 хол дошт, ҷои дуюмро гирифт ва ҳамчунин ба даври баъдӣ рафтани худро таъмин кард. Хорватия бо 4 ва Ирландия бидуни имтиёз аз идомаи бозиҳо маҳрум шуданд.

Швейсия ҳам муваффақ нашуд
Шаби 19-уми июн
Швейсия бо Фаронса ва Англия бо Украина бозӣ мекунанд. Аммо новобаста аз натиҷаи дидор бо Фаронса швейсиягиҳо аз идомаи рақобат маҳруманд. Зеро ду дидори аввали худро бохта буданд. Шонси Фаронсаву Англия барои ба чорякфинал рафтан бештар аст.    

Ҳарифи Чехия дар ¼ аноӣ нест
Дар даври чорякниҳоӣ чехҳо бо тими миллии Португалия бозӣ мекунанд. Ин дидор 21-уми июн баргузор мешавад. Баъди як рӯз, 22-юми июн Олмон ва Юнон рақобат хоҳанд кард. 23-юми июн Испания бо дастае, ки дар гурӯҳи «D» дувум мешавад, бозӣ мекунад. 24-уми июн Италия бо ғолиби гурӯҳи «D» ба майдон мебарояд.

Дзагоев нишонзани беҳтарини сабқати гурӯҳӣ
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Алан Дзагоев (Русия), Марио Гомес (Олмон) ва Марио Манҷукич (Хорватия) бо 3 голӣ пешсафанд. Андрей Шевченко (Украина), Ватслав Пиларж (Чехия), Никлас Бендтнер (Дания), Фернандо Торрес (Испания), Сеск Фабрегас (Испания), Петр Йирачек (Чехия), Микаэл Крон-Дели (Дания) ва Криштиан Роналду (Португалия) дуголӣ задаанд. Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин аз рӯи нишондоди гол+пас Марио Гомес бо 4 (3+1) дар ҷойи аввал мебошад.

Натоиҷи бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:
Гурӯҳи «A»


08 июн, 21:00  Лаҳистон-Юнон – 1:1
08 июн, 23:45  Русия- Чехия - 4:1
12 июн, 21:00  Юнон- Чехия – 1:2
12 июн, 23:45  Лаҳистон-Русия – 1:1
16 июн, 23:45  Юнон-Русия – 1:0
16 июн, 23:45  Чехия-Лаҳистон – 1:0
Мавқеи дастаҳо: 1. Чехия (6 имтиёз); 2. Юнон (4);  3. Русия (4); 4. Лаҳистон (2);

Гурӯҳи «B»

09 июн, 21:00   Ҳолланд-Дания — 0:1
09 июн, 23:45   Олмон-Португалия - 1:0
13 июн, 21:00   Дания-Португалия – 2:3
13 июн, 23:45   Ҳолланд-Олмон – 1:2
17 июн, 23:45   Португалия-Ҳолланд – 2:1
17 июн, 23:45  Дания-Олмон – 1:2
Мавқеи дастаҳо: 1. Олмон (9 имтиёз); 2. Португалия (6); 3. Дания (3); 4. Ҳолланд (0);

Гурӯҳи «C»
10 июн, 21:00  Испания-Италия — 1:1
10 июн, 23:45  Ирландия-Хорватия — 1:3
14 июн, 21:00  Италия-Хорватия – 1:1
14 июн, 23:45  Испания-Ирландия – 4:0
18 июн, 23:45  Хорватия-Испания – 0:1
18 июн, 23:45  Италия-Ирландия – 2:0
Мавқеи дастаҳо: 1. Испания (7 имтиёз); 2. Италия (5); 3. Хорватия (4);. 4. Ирландия (0);

Гурӯҳи «D»
11 июн, 21:00  Фаронса-Англия – 1:1
11 июн, 23:45  Украина-Шветсия – 2:1
15 июн, 21:00  Украина-Фаронса – 0:2
15 июн, 23:45  Шветсия-Англия – 2:3
19 июн, 23:45  Шветсия-Фаронса 2:0
19 июн, 23:45  Англия-Украина 1:0
Мавқеи дастаҳо: 1. Англия (7 имтиёз); 2. Фаронса (4); 3. Украина (3); 4. Швейсия (3);

Чорякфинал:
21-уми июн, 23:45 Чехия-Португалия (1А:2В)  
22-юми июн, 23:45 Олмон-Юнон          (1В:2А)
23-юми июн, 23:45 Испания-Фаронса  (1С:2D)
24-уми июн,  23:45 Италия-Англия       (1D:2С)


Нимфинал
27 июн, 23:45  Ғолиби 1/4 (№1) — Ғолиби 1/4 (№3)
28 июн, 23:45   Ғолиби 1/4 (№2) — Ғолиби 1/4 (№4)

Финал
1 июл, 23:45  Ғолиби нимфинали №1 — Ғолиби нимфинали №2
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)