Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:21

Гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин 100 баробар афзоиш ёфт

20 июн 2012, 10:00

Тайи 10 соли ахир гардиши савдо миёни Тоҷикистону Чин 100 баробар афзуда, ҳаҷми солонаи он аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гузашт.

Тавре  аз Палатаи савдо ва саноати кишвар ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз 50 лоиҳаи бузурги муштарак бо шарикони чинӣ амалӣ мегардад. Масъулини Палатаи савдо ва саноат иброз медоранд, ки бо вуҷуди ин,  миёни ин ду кишвари ҳамсоя ҳанӯз имконяту захираҳои истифоданашуда ҷиҳати ҳамкорӣ хеле зиёданд: «Соҳибкорону тоҷирони чинӣ бо назардошти имконоти васеъ, бештар  дар бунёди нерӯгоҳҳои обӣ ва корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди нахи пахта, пила, пашму пӯст, меваю сабзавот ва сангҳою металҳои қиматбаҳо мароқ зоҳир менамоянд». Манбаъ мегӯяд, аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорони чинӣ ҷиҳати  ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, телерадиокоммуникатсия, наклиёт, бунёди зербинои сайёҳӣ ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Иштирок дар сохтмони роҳҳо, биноҳои маъмурию истиқоматӣ ва иншооти марбут ба туризм низ барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ мегардад.  Сарчашмаи хабар иброз медорад, ки ҳамкориҳоро дар бахши чорводорӣ, паррандапарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди меваю сабзавот ва ворид намудани техникаҳои гуногуни кишоварзӣ, ки пеш аз ҳама ба сармоягузории хориҷӣ эҳтиёҷ дорад, ба роҳ мондан мувофиқи мақсад аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!