Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:01

Муассиси Wikileaks ба Африқо паноҳ мебарад?

20 июн 2012, 11:18

Асосгузори Wikileaks Ҷулиан Ассанж аз сафорати Эквадор дар Лондон паноҳгоҳи сиёсӣ ҷустааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Эквадор дар Лондон хабар пахш кардааст. Бино ба маълумоти ин сарчашма, феълан Ассанж дар сафорат қарор дорад.
Гуфта мешавад, Ҷуллиан Ассанж субҳи рӯзи душанбе ба сафорати Эквадор, яке аз кишварҳои африқоӣ омада, паноҳгоҳи сиёсӣ пурсидааст. Мақомоти Эквадор гуфтаанд, ин масъаларо дар кӯтоҳтарин фурсат ҳаллу фасл хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи Wikileaks  аз қавли модари Ассанж менависад, ки ин тасмими писарашро ҷонибдор аст ва қарори дар яке аз кишварҳои ҷаҳони сеюм, ки аз дасти Амрико ранҷ бурда паноҳ бурдани писарашро қадами дуруст номидааст.
Ёдовар мешавем, ки 30 майи соли равон Суди олии Бритониё дар бораи боздодани Ассанж ба мақомоти Шветсиё, ки дар ин кишвар гӯё дар ҷавонӣ ҷинояти таҷовуз ба номус содир карда бошад, қарор қабул кард. Аммо Ассанж боздодани ӯро ба мақомоти Шветсия қадами аввал дар роҳи таслими ӯ ба Амрико унвон кардааст.
Сомонаи Wikileaks бо нашри маълумотҳои махфӣ аз амалоти ҳукумати Амрико шӯре дар ҷаҳон хезонд ва акнун асосгузори ӯ аз сӯи ин кишвар аз ҳар ҷониб фишор дида истодааст



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!