Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:55

Суғд: Дипломати норвегӣ дар шаҳри Хуҷанд

20 июн 2012, 12:32

Сафири Норвегия дар Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон   Халворсен Даг Малмер ба  маркази вилояти Суғд ташриф овард.

Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, ин дипломат нахуст аз Маркази бонувон «Гулрухсор», ташкилоти ғайридавлатии «Саодат», осорхонаи вилоятии  таърихӣ-кишваршиносӣ ва  аз майдони «Регистони Панҷшанбе» боздид намуд.
Ҳамзамон, Сафири фавқулодда ва мухтори шоҳигарии Норвегия ҷаноби Халворсен Даг Малмер дар шаҳру деҳоти Чоркӯҳ, Ворух ва Шӯроби шаҳри Исфара идома дошт. Зикр кардан ба маврид аст, ки бо маблағгузории ин кишвар дар ҳаҷми 600 ҳазор доллари амрикоӣ барқарорсозии шабакоти оби ошомиданӣ ва обёрии ин минтақа таҷдид мегардад.
Имрӯз бошад,  чунин мулоқотҳо нисбати дастгирии ташаббусҳои маҳаллӣ дар «Барномаи  рушди иқтисодии деҳот» ба воситаи  «Фонди боварӣ»  ва гузоштани пайраҳаи офтобӣ  дар ҷамоати Патари шаҳри Конибодом дар назар аст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!