Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:32

Сокинони биноҳои дуошёнаи кӯчаи марказӣ кӯчонида мешаванд

20 июн 2012, 12:45

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сокинони  пойтахт, ки дар манозили маскунӣ дар хиёбони Рӯдакӣ ба сар мебаранд, мулоқот дошт.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ҳукумати шаҳр иттилоъ доданд, дар ин мулоқот соҳибмулкони 160 квартираҳои дар 15 биноҳои истиқоматии душоёнаи дар хиёбони Рўдакӣ №157,159,161, 163,165,167,169,171, 173, 175,177, 179, 181, 183 ва 185 ширкат доштанд.
Зимни мулоқот мири пойтахт аз ҳамовозии сокинон дар татбики Нақшаи генералӣ изҳори сипосмандӣ намуда, афзуд, ки дар марҳилаи кунунӣ мувофиқ ба нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат, ки азнавсозии қисмати марказии шаҳр пешбинӣ гардидааст, ташаббуси ҶДММ «Эъмор»-ро бобати дар заминаи биноҳои дуошёнаи мавҷуда бо риояи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибмулкон бунёд намудани 20 бинои хонаҳои истиқоматии 7-9 ошёнаи замонавии дорои марказҳои савдо ва таваққуфгоҳҳои зеризаминиро дастгирӣ намуд.
Қайд гардид, ки ба ҳар як соҳибмулк вобаста ба хоҳишашон квартираҳои баробарарзиши замонавӣ дар биноҳои истиқоматии бунёдшаванда таъмин карда шуда, дар сурати талаб доштани арзиши бозории квартираҳо тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар  ва мувофиқаи тарафҳо аз ҳисоби фармоишгар маблағҳо пардохт карда мешаванд.
Инчунин таъкид сохт, ки ҳангоми интихоби квартираҳо бошад аз ҳисоби фармишгар ба ҳар як соҳибмулк квартираҳои муваққатии иҷоравӣ дар тўли сохтмон то ба истифодадиҳии биноҳои нави истиқоматӣ бо пардохти маблағи моҳонаи иҷора дастрас карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки лоиҳаи ангории таҷдиди минтақаи мазкур аз ҷониби ҶСК «САНИИОСП» таҳия гардида, ҶДММ «Эъмор»  фармоишгар ва сармоягузори татбиқи ин лоиҳа буда, муваззаф шудааст, ки то ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат 20 бинои истиқоматии бисёрошёнаи замонавиро ба истифода медиҳад.  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!