Бахшҳо

Э.Раҳмон: Хазинаи байналмилалии пиряхҳо ба кӯмак ниёз дорад

Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии Конфронси СММ  оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардид, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба се масъала- тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва рушди устувори манотиқи кӯҳистон ҷалб намуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадаш дар ин ҳамоиш, изҳори умедворӣ кард, ки ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мададрасон пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ хоҳанд намуд. Ӯ ба Стратегияи миллии рушд ишора карда гуфт, ки он аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бармеояд ва мӯҳтавои онро се масъалаи асосӣ – ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти нақлиётиву коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат ташкил медиҳанд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард.    
-Дастрасии фарогир ба хадамоти энергетикаи муосир, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, тавсеаи истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия масъалаҳои муҳимтарини рушди устуворанд,-гуфт Раҳмон.
Райисҷумҳур ҷонибдории Тоҷикистонро нисбати ташаббуси Дабири кулли СММ таҳти унвони «Энергетикаи устувор барои ҳама» изҳор намудааст. Ба қавли Президенти Тоҷикистон, истифодаи гидроэнергетика ба консепсияи иқтисоди «сабз», ки яке аз мавзӯъҳои асосии ҷадвали кори Конфронси Рио+20 аст, комилан мутобиқат дорад. Дар робита ба нақши бузурги ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об дар амри ноил шудан ба ҳадафҳои рушд, Эмомалӣ Раҳмон аз эълон шудани соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Тоҷикистон махсус хотиррасон шуд.   
Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз баррасии масъалаҳои таҳкими чорчӯбаи ниҳодии рушди устувор ва таъсиси мақоми байниҳукуматии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ҳамчунин роҳандозии раванди таҳияи маҷмӯи мувофиқашудаи ҳадафҳои фарогир дар соҳаи рушд иброз дошт. Бояд тазаккур дод,  ин конфронсро Пан Ги Мун, дабири кулли СММ ҳусни оғоз бахшид. Конфронси мазкур бо як овоз президенти Бразилия Дилма Русефро раиси Конфронс ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро яке аз муовинони ӯ интихоб намуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)