Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:52

Қадам ба қадам. Фалсафа ва барномаи омӯзиши он дар Варзоб

21 июн 2012, 05:10

Бо дастгирии барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон  дар маҷмаи фароғатии «Ҷаҳонгир»-и ноҳияи Варзоб барои намояндаҳои институтҳои  такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф омӯзиши  «Фалсафа ва принсипҳои барномаи байналхалқии «Қадам ба қадам» баргузор мегардад.

Ҳадафи асосии омӯзиш шиносоии иштирокчиён бо фалсафаи принсипҳои барномаи байналхалқии «Қадам ба қадам» ва бо маводу модулҳои барнома, ҳамчунин  барои фаъолияти минбаъдаи муштарак ва ниҳодӣ шудани хизматрасониҳои барномаҳои омӯзишӣ  дар ш. Душанбе  ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.  
Дар омӯзиши мазкур ректорону ноибони онҳо, мутахассисони соҳаи таҳсилоти томактабию ибтидоӣ аз институтҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Пажӯхишгоҳи илмҳои педагогии Академияи маорифи Тоҷикистон ва Маркази такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе иштирок мекунанд.
Маврид ба ёдоварист, барномаи  «Қадам ба кадам»-и Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва  USAID аз соли 2003 амалӣ мешавад. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт ва барномаи «Рушди барвақтии кӯдак» бо муассисаҳои маориф дар самти ислоҳоти мӯҳтавои раванди таълим, махсусан дар соҳаи сиёсати  рушди барвақтии кӯдак ҳамкорӣ мекунад. Аз тариқи озмун ҳамкории мазкур дар муассиссаҳои таҳсилоти навоҳии тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ сурат гирифта истодааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!