Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:13

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия: Беморхонаро мекӯчонем

7 июн 2011, 03:06

Бемористони низомии пойгоҳи ҳарбии Русия дар Душанбе нақли макон мекунад.

Тибқи иттилои Дмитрий Матушкин, ёвари фармондеҳи ҷузъу томи тирандозии 201-уми мутстақар дар Тоҷикистон, кӯчонидани беморхонаи ҳарбӣ  тибқи нақша амалӣ гардида, он то рӯзи 15-уми июни соли равон ба анҷом мерасад. Гуфта мешавад, ин дармонгоҳ аз шаҳраки тиббӣ  ба маҳаллаи Гипрозем, дар ҷое, ки пойгоҳи низомии 201-и Русия воқеъ аст, кӯчонида мешавад.

Маврид ба ёдоварист, дивизияи 201-уми тирандозӣ мавсуф ба ҷузъу томи Гатчинаи собиқ шӯравӣ пас аз хурӯҷи нерӯҳои низомии СССР дар соли 1989 аз Афғонистон ба Душанбе кӯчонида шуда буд. Дар асоси ин дивизия соли 2004 дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-уми Русия таъсис ёфта, мӯҳлати буду боши он то соли 2014 тамдид гардидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!