Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:56

Сайидмукаррам Абдулқодирзода ба муҳоҷирон қоидаи шариат меомӯзонад

21 июн 2012, 05:34

Муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳангоми дар муҳоҷират будан бояд қоидаҳои шариати исломиро риоя намоянд, аз зану фарзандонашон фаромӯш накунанд, ҳамеша бо онҳо дар тамос буда, мувозибат намоянд (таъмини молиявии онҳо).

Ин нуктаро Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Маркази исломии  Тоҷикистон, зимни мулоқоташ бо масъулини Хадамоти муҳоҷирати кишвар иброз дошт. Тавре аз ин ниҳод ба Озодагон иттилоъ доданд, дар нишаст кулли паҳлӯҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз қабили омодагии пеш аз сафар, тайёрии касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, забономӯзӣ, донистани тамаддуну фарҳанги давлати будубош ва риояи қонуну қоидаҳои давлати бокортаъминкунанда матраҳ шудаанд. Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират қайд намудааст, ки ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандон, маҳз ҷавонон бояд касбу ихтисоси замонавӣ (ихтисосҳои талаботи бозори меҳнати давлати қабукунандаро дошта, забони давлати будубошро ҳатман донанд.
Масъулини Кумитаи кор бо дини назди Ҳукумати Тоҷикистон иброз доштаанд, ки дар ҳалли масоили мазкур, яъне муҳоҷирати меҳнатӣ дастаҷамъона бояд аз баъзе ҳолатҳои номатлуб ҷилавгирӣ намоем: «Дар ин кор ҳатман ҳамаи вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати танзими муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузорӣ ва мавқеъгирӣ намоянд. Бино ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки барои беҳтар шудани кор дар ҳалли масъалаи мазкур ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ байни омма, бояд Созишномаи сеҷониба байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи кор бо дин ва Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!