Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:28

Покистон интизори сарвазири нав

21 июн 2012, 09:10

Осиф Алии Зардорӣ, раисҷумҳури Покистон Махдум Шаҳобуддин, вазири саноати нассоҷиро ба маснади сарвазирии кишвараш пешниҳод кард. Дар ин бора хабаргузориҳои маҳаллӣ истинодан ба сарчашмаҳои наздик ба ҳукумат хабар медиҳанд.

Дар сурати аз сӯи порлумон дастгирӣ ёфтани номзади президент ӯ Юсуф Ризо Гелониро, ки бо пешниҳоди Додгоҳи олии Покистон аз маснад барканор шуд, иваз мекунад.
Гуфта мешавад, баррасии номзадии Шаҳобуддин дар порлумони Покистон фардо шурӯъ мегардад. Феълан, Ҳизби халқии Покистон  бештари курсиҳоро дар порлумон соҳиб буда, номзади онҳо роҳат метавонад ба курсии сарвазирӣ бишинад.
Ҳамчунин Махдум Шаҳобиддин маҳбубияти дигар эътилофҳои порлумониро низ соҳиб будааст.
Баъди барканории Юсуф Ризо Гелонӣ ҷонибдоронаш даъво пеш оварданд, ки танҳо порлумон ҳақи барканории сарвазирро дорад. Дар робита қариб монда буд, ки миёни шохаҳои ҳукумат зиддиятҳои ҷиддӣ бархезад. Алии Зардорӣ бо ин амал, тавонист як бӯҳрони сиёсиро дар кишвараш пешгирӣ намояд.
Қарор дар бораи барканории Юсуф Ризо Гелонӣ рӯзи 19-уми июни соли равон тасвиб шуд. Додгоҳи олӣ ӯро дар беэҳтиромӣ муттаҳам мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!