Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:21

«KAZNEX INVEST» бозори дохилии Тоҷикистонро ҷолиб унвон кард

22 июн 2012, 04:13

Ширкати «KAZNEX  INVEST» -и Қазоқистон бозори дохилии Тоҷикистонро барои ҳамкориҳо ҷолиб хонда, ҳамкориҳои бештарро бо кишвари мо яке аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ унвон кард.

Аз Палатаи савдо ва саноат ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки «KAZNEX  INVEST» қасд дорад аз миёни доираҳои соҳибкории Қазоқистон ҳайати вакилони тиҷоратӣ ташкил намуда, аз 4 то 6-уми июли соли равон ба шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом диҳад: «Ҳамчун вохӯрии доираҳои соҳибкорӣ бо иштироки корхонаҳо ва намояндагони сохторҳои давлатии Қазоқистон ва Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи кори ҳайати вакилони тиҷоратӣ мулоқоти дуҷониба байни корхонаҳои Қазоқистон ва корхонаҳои Тоҷикистон, ки барои хариди молҳои Қазоқистон таваҷҷӯҳ доранд, дар назар аст».
Манбаъ мегӯяд, дар чорчӯби вохӯрии соҳибкорон гузаронидани презентатсияҳои ширкатҳо, доир кардани вохӯриҳо бо намояндагони сохторҳои давлатӣ ва расми тасвиби созишномаву шартномаҳо пешбинӣ шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!