Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:50

Нахуствазири собиқ худашро парронд

21 июн 2012, 10:44

Адриан Нэстасе, собиқ сарвазири Руминия баъди он ки Додгоҳи олии ин кишвар айби ӯро дар фасод тасдиқ кард, ба ҷони худ қасд намуд. Дар ин бора оҷонсии Franse-Presse хабар медиҳад.

Моҳи январи соли равон додгоҳ Андриан Нэстасеро ба ду соли зиндон маҳкум кард. Гуфта мешавад, соли 2004 ҳангоми ширкат дар сабқати президентӣ мавсуф барои маъракаи пешазинтихоботии худ аз соҳибкорон ба таври ғайриқонунӣ 1,7 миллион доллар гирифтааст. Аммо худи Нэстасе ба гуноҳи худ иқрор накарда, қарори додгоҳро «қасоси сиёсӣ» номид.
Рӯзе қабл Додгоҳи олии Руминия пешниҳоди ҷониби ҳимояи собиқ сарвазирро барои баррасии дубора рад кард. Баъди он ки пулис ба хонаи собиқ сарвазир бо санади боздошт омадааст, Нэстасе бо туфангча ба гарданаш тир холӣ кардааст.
Феълан, собиқ нахуствазир дар бемористон қарор дорад.
Ёдовар мешавем, намояндаи ҳизби Сотсиал-демократ Адриан Нэстасе аз соли 2000 то соли 2004-ум маснади сарвазириро ишғол карда, баъди мағлубият дар сабқати раисҷумҳурӣ ду соли охир садорати порлумони ин кишварро ба душ дошт. Соли 2006 баъди эълони иттиҳомот дар фасод Нэстасе маҷбур шуд ба истеъфо равад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!