Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:53

Чехия аз ҳамкорияш бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ мекунад

7 июн 2011, 03:31

Ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Чехия дар оянда боз ҳам тақвият меёбанд.

Дар робита ба ин, баъд аз зӯҳри дирӯз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев гурӯҳи парламентии сенати Ҷумҳурии Чехияро таҳти роҳбарии муовини якуми раиси сенати парламенти ин кишвар ҷаноби Пржемисл Соботка, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташиф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.Маврид ба тазаккур аст, ки Соботкаро дар ин мулоқот сафири фавқулодда ва мухтори Чехия дар Тоҷикистон   Робет Копетски низ ҳамроҳӣ мекард.   бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ ба «Озодагон» гуфт, дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Пржемисл Соботка ва ҳайати ҳамроҳонашро самимона шодбош намуда, таъкид ва изҳори боварӣ кард, ки сафари мазкур дар таҳким ва рушди муносибатҳои байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Ҷумҳурии Чехия самараи нек хоҳад дод. Ҳамзамон, ӯ афзуд, ки итминон аст баҳри расидагӣ ва фарогирии холигии ҳамкориҳо робитаву муносибатҳои байнипарламентӣ нек ба роҳ монда шуда, потенсиали парламентарҳои кишварҳо беш аз ҳарвақта барои ташкили фазо ва заминаи мусоиди ҳуқуқӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Дар навбати худ ҷаноби Пржемисл Соботка аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, афзуд, ки бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш ҷиҳати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои доманфарохи иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва густариши муносибатҳои байнипарламентии ду ҷониб ва тавассути он мусоидат намудан ба густурдагии муносибати Маҷлиси миллӣ бо Сенати Ҷумҳурии Чехия тадбирҳои судмандро анҷом диҳад.Таъкид гардид, ки ояндаи наздик кушода шудани хати ҳавоӣ миёни кишварҳо барои ба сатҳи баланд расидани ҳамкорию робитаҳои гуногунҷабҳа нақши муассир хоҳад гузошт.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!