Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:51

БОР Тоҷикистонро оҷизтарин кишвари минтақа хонд

22 июн 2012, 11:27

Макото Оҷиро, масъули Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба ҳифзи муҳити зист, захираҳои табиӣ ва хоҷагии қишлоқ дар минтақаи Осиёи Миёна, Тоҷикистонро қашоқу осебпазиртарин кишвари минтақа дар назди хатарҳои тағйирёбии иқлим хонд.

Зимнан, Бонки осиёии рушд барои дастгирии Тоҷикистон дар баробари паёмадҳои манфии тағйироти иқлими сайёраи замин боз 6 миллион доллари дигарро ба сифати грант ҷудо намудаст. Дар ин бора ба Озодагон аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон хабар доданд.
Макото Оҷиро мегӯяд, кӯмаки мазкур имкониятҳои техникии Тоҷикистонро барои пешгӯии боду ҳаво ва муайян намудани дурнамои тағйироти иқлим васеътар мекунад. Ба гуфтаи Макото Оҷиро миллионҳои мазкур барои дарки амиқи мафҳуми тағйироти иқлимӣ дар Тоҷикистон ва густариши қобилияти мардуму сохторҳои кишвар барои  бартараф кардани таҳдидҳои иқлимӣ хизмат мекунанд.
Ин масъули БОР Тоҷикистонро яке аз кишварҳои қашоқу осебпазир дар муқобили тағйироти иқлим унвон карда, таъкид намуд, ки ҳолатҳои обхезию хушксолӣ тайи даҳсолаҳои охир густариш ёфта, дар назар аст, ки минбаъд бештар шавад. Ин ҳамаро намояндагони БОР паёмади афзоиши ҳарорати ҳаво меноманд, ки ба барфу пиряхҳо таъсир расонда, барои таъминот бо об, хоҷагии қишлоқ ва истеҳсолоти кишоварзӣ хатарҳоро ба бор овардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!