Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:13

Сайёҳон дар Тоҷикистон камаш 93 миллион доллар сарф кардаанд

22 июн 2012, 11:50

Масъулини Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо такя ба таҳлилҳои байналмилалӣ изҳор медоранд, ки як сайёҳ дар кишваре, ки ворид мешавад, ҳадди аққал 500 доллари амрикоӣ сарф мекунад.

Бо назардошти ин ҳисоб, соли гузашта сайёҳон ба иқтисодиёти Тоҷикистон 93 миллион доллари амрикоӣ ворид кардаанд, зеро ба кишвар соли гузашта 186 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ворид шудааст. Масъулин изҳор медоранд, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони воридшаванда ба кишвар 10-12  дар сад афзоиш ёфта истодааст.
Ба гуфтаи коршиносон Тоҷикистон имкон дорад, соле то 2 миллион сайёҳро қабул намояд. Барои рушди соҳа дар кишвар, замонавӣ кардани меҳмонхонаҳо, беҳгардонии стандартҳои хизматрасонӣ, беҳгардонии инфрасохтор, нақлиёт, коммуникатсия ва хадамоти бонкӣ, густариши шабакаҳои хизматрасонӣ дар мавзеи деҳот ва ҳавасмандкунӣ барои ҷалби сармоя ба туризм зарур арзёбӣ мегардад. Туризм ба гуфтаи масъулин дар ташаккули ҷойҳои нави корӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, савдои хориҷӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт метавонад саҳми калон гузорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!