Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:24

Қатъи фаъолияти як созмони ифротӣ

7 июн 2011, 03:44

Фаъолияти як ташкилоти миллатгаро дар Русия табу эълон гардида, аз идомаи корзор маҳрум гардид.

Тибқи иттилои додситонии кулли Русия, додгоҳи вилояти Владимир созмони ба ном  "Иттиҳоди сартосарии рус"-ро, ташкилоти миллатгаро (неонатсионалистӣ) хонда, онро ба феҳрасти созмонҳои ифротӣ ворид кардааст.  Гуфта мешавад, тайи ду моҳи ахир ин дуюмин созмони миллатгаро аст, ки мақомоти Русия фаъолияти онро мамнуъ эълон мекунанд.Дар моҳи апрел "Ҷунбиши зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ» низ ташкилоти ифротӣ шинохта шуд ва аз фаъолият бозмонд.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси назарсанҷиҳои маркази таҳлилии «Левада» миллатгароён дар Русия бештар ҷонибдоронро ба сафҳои худ ҷалб карда, феълан ҳудуди 58-фойизи сокинони ин кишвар аз даъвати «Русия барои русҳо» пуштибонӣ мекунанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!