Бахшҳо
25 июн 2012 12:57Адабиёт

Дар сӯги дӯст…

Чӣ қадар сангин ва дарднок буд, хабари маргат, эй бародари ҷон,Ангор порае аз дили пурхунамро канданд ва ба дур андохтанд!Дӯсти дарёдилу умедсозам, чӣ гуна бовар кунам, ки дигар он табассумҳои ҳамешагиро бар лабону гунаҳои пурмеҳратон намебинам ва  он чашмони маъсуму андешмандатон ба сӯям наменигаранд?!

Эй бародари ҷон! Шумо марде аз табори бузургон будед ва ба ростӣ сахт душвор аст, феъли мозиро барои Шумо ба кор бурдан. Медонам, ҳеч роҳе надорем, ҷуз ин ки бипазирем ва медонам чун марг даррасад, касе ӯро боз натвонад дошт… Аммо оё метавон марги чунин мардро ба соддагӣ пазируфт?! "Марги чунин хоҷа, на корест, хурд!" (Рӯдакӣ)
Магар метавон фарёд накард ва гиребони "фалаки ҷомакабуд"-ро нагирифт?!

Фарёд зи дасти фалаки ҷомакабуд,
Ёрони маро ягон ягон омаду бурд….


Оё метавон дар миёни сахтиҳои рӯзгор ба замину осмон ва ин ҳама беҳудагӣ ва бемаънигӣ носазо нагуфт?!
Эй бародари ҷон, ки ба ман меҳрро омӯхтаед,
Ба ман шакебойию сабурӣ ёд додаед,
садоқату рафоқати ростинро илқо кардаед,
оё қарор буд, ки зуд биштобед ва маро танҳо бигзоред?!
…То он ҷо ки ман Шуморо шинохтаам, дар ҳама ҳол мазҳари умеду талош ва нигоҳи наву жарф будед. Мазҳари покию сафо будаед. Хирадмандона зистед, зулолу пок.
Бепарда бигӯям, барои зиндагӣ дар ин дунёи олуда, ин андоза покӣ ва маъсумият ва мардумӣ, кори осон набуд ва на ҳар касе метавонист, чунин пок зияд…

Бандаам, покраверо ки дар ин дайри куҳан,
Гар зияд, пок зияд, гар биравад, пок равад!

Дилам меход дар марги Шумо бародари азизи ман, хун бигирям,
Ҳамеша лаҳзаҳои дидор пеши чашмонам ҷилвагар мешавад ва худро аз даст медиҳам….фурсатҳо мебояд, то ба худ оям!
Дар аввалин рӯзи ошноиамон, сию анд сол пеш, ки ман донишҷӯи донишкадаи забону адабиёти донишгоҳ будаму (Он замон дар меҳани мо, фақат як донишгоҳ буд!, вале дониш медод, ҳоло дар ҳар рустое донишгоҳест, вале аз дониш хабаре нест!) Шумо барои музокироти марбут ба дифоъи поённомаатон(номзадӣ) ба донишкадаи мо омада будед, дар пушти дари утоқи устоди бузургвори банда, Шарифҷон Ҳусейнзода, бо ҳам ошно шудем ва Шумо бо хандаи зебо ва бесадои худ, маро пазиро шудед…

…Ва ман дасти гарми Шуморо фишурдам ва дӯстии мо оғоз шуд…ва ин дӯстӣ ба бародарии ростин бадал шуд ва идома ёфт то вопасин рӯзҳо… он вақт ман поённамои донишгоҳӣ менавиштам ва Шумо ба истилоҳи ҳамшаҳриёнамон аспирант, яъне донишҷӯи давраи докторӣ. Интизори мулоқот бо устод будед, нахустин ошноии мо сурат гирифт.
…Ҳар ду якдигарро ғоибона мешинохтем, тавасути навиштаҳоямон, ки он замон дар расонаҳои гурӯҳӣ чоп мешуд ва рӯзномаҳову маҷаллаҳо хонандагони фаровон доштанд ва нависанда ва донишманд ва афроди босавод обрӯю эътибор….он рӯз рӯзи оғози ошноӣ ва дӯстии мо шуд ва худойро сипосгузорам, ки сарнавишт, бародаре фозилу инсони шариферо чун Шумо, ба ман ҳадя кард… ва ман солҳо аз ин бародарӣ ва ҳамсӯҳбатӣ ва дӯстӣ судҳо бардоштаам, ки арзиши онро ба ҳеч сарвате наметавон иваз кард ва лаззати он то охарин лаҳзаҳои зиндагиам бо ман хоҳад буд…

Ва ин дӯстӣ ба бародарии ростин бадал шуд…
Дар сангинтарин рӯзҳои зиндагиам, ҳамеша, самимият, гармӣ ва шарики ғаму шодии якдигар буданро эҳсос кардаам…Он замон ки тоза як сол ва ё яку ним сол аз муҳоҷирати иҷбории ман мегузашт, бо азоби сангин ва душвории роҳ аз тариқи Тошканд аз мошин ба мошин мегузаштед, тахқири марзбонони узбакро таҳаммул мекардед, ва бо душворӣ ва бурдборӣ худро ба Олмотӣ расондед, то дидор тоза кунем, лаҳзаҳоест, ки ҳаргиз аз ёдам намеравад … ва мегуфтед, бародарҷон, оё ман метавонистам наёям, агар ман ба ҷойи Шумо будам, Шумо ба суроғам намеомадед?!...
Ашки шодӣ аз чашмони мо мерехт ва бо ғаму дард омезиш дошт. Зеро он чӣ ки он рӯзҳо дар меҳани мо мегузашт, ҳузнангез буд ва дақиқан ҳамон буд, ки устоди сухан фармуда: Буди байтулшарафам, гаштаи байтулҳазанам!

…Бародари ҷон, дар рӯзгоре, ки дар меҳани мо, мардум аз дасти дӯст ба душман паноҳ мебурданд, Шумо ақида, ирода ва одамияти хешро беш аз ҳар замоне нишон додед. Медонам ва тасаввур мекунам, то чӣ андоза барои хирадманде чун Шумо таҳаммули он ҳама хорию зории рӯшанфикрон сангин буд.
Барои он ки чоплус набудед, барои он ки тамаллуқро ба ҳеч ваҷҳ намепазируфтед, барои он ки дурӯғу риёро дӯст надоштед, бадтар аз ҳама, барои он ки дониш доштед! ва як сару гардан аз атрофиён боло будед, ғурури инсонӣ ва тоҷикии солим доштед,… Ин буд, ки бархе одамакони фурӯмоя чашми дидан надоштанд, ва ба ҷои он ки аз вуҷудатон ифтихор кунанд, баротон гуноҳ меҷустанд ва чӣ басо ки "гуноҳ" низ пайдо мекарданд, ва мутобиқ ба  "талаби айём" амал мекарданд, ва агар ҳеч чизи ҷиддие пайдо накунанд, масалан мегуфтанд, дигарандеш аст, яъне "мухолиф" ва ин буд, ки бародари ҷон, муддати кутоҳе… корро низ дар донишгоҳ канор гузоштед…ва дар ноҳияи Масчоҳ ба кишоварзӣ пардохтед. Ва дар воқеъ; "Ту аҳли донишу фазлӣ, ҳамин гуноҳат бас!"(Ҳофиз)

Дар мавриди дигарандешӣ бояд ёдовар шавам,ки ҳамаи рӯшанфикрони бузург дар ҷаҳон мавзеъи хешро доштанд, ки дар бисёр маворид, мавзеъи онҳо хилофи мавзеъи расмӣ ва ё ҳамагонӣ буд. Хавос ҳамеша аз авом тафовут дошт!...
Медонистам, ки барои касе ки пешаашро дӯст медорад ва умрашро барои андӯхтани дониш сарф кардааст, то онро ба дигарон интиқол кунад, таҳаммули ин нукта, яъне  аз вазифа дур шудан ва мавриди истеҳзо ва ё хушҳолии фурумоягони камзарфияти чоплус  шудан, ки онҳо фикр мекунанд, ҷои Шуморо хоҳанд гирифт, то куҷо сангин аст!. Ин бабасароне, ки ба чунин иқдомоти номаймун даст мезананд, ҳатто ақлашон қад намедиҳад, дарк  кунанд, ки ҳаргиз ҷои касеро наметавон гирифт, ва танҳо симатеро, курсиеро ишғол мекунанду бас, зеро пайдост, ки: "ҳар касеро баҳри коре сохтанд"!...
Озор ва ранҷиш аз бархе касон, ва масоиле, ки шояд бори дигар ва дар рӯзгори дигар, бад-он тавон пардохт… Медонам, ки  дар ҳаққи Шумо ва фарзандони фарзонаи миллат чӣ ҷафоҳое карданд, ва рӯҳи нозуки хирадманде мисли Шумо тобу тавони он ҳама номардумиро надошт. Кифоят аст, аз беқадрии донишмандон дар кишвар ёдовар шавем вале…на ҳоло.

… Ҳам марг бар ҷаҳони
Шумо низ бигзарад,
Ҳам равнақи ҷаҳони
Шумо низ бигзарад!

(Сайфи Фарғонӣ)

…Бародари ҷон! Чанд рӯзе ки дар Олмотӣ бо ҳам будем, барои ман бисёр хуш гузашт. Шумо бароям на танҳо ҳадоёе аз Ватан овардед, балки худ меҳани азизи мо будед… Дақиқан, мисли кӯҳҳои азим ва қуллаҳои буланди Помир сабур ва мисли Шоҳнома пур аз хирад ва пур аз дониш ва мисли шашмақом пур аз дард ва пур аз рамзу роз… Ман, он лаҳзаи дидорро, ки ҳарду ашк мерехтем, ҳаргиз фаромуш намекунам, ва аммо: ёд бод он лаҳзаҳомон ёд бод!..
…Ёд дорам, вақте хабари марги модарам ба Шумо расид, ҳамоно бо модари бузургворатон ва хонуми меҳрубонатон, новобаста ба душвории роҳ (Роҳи Панҷекат ҳанӯз ҳам обод нашуда ва ҳаракат аз ин роҳ бисёр сангин аст, ва ба назар чунин мерасад, ки ҳанӯз ҳам касе дар ғами ободии он диёр нест!) худро расондед!

Шумо сад бор аз ман дар бародарӣ содиқтару устувортар будед!
Баъдан борҳо дар Теҳрону, Олмотӣ ва Маскаву Панҷекат мулоқотҳо доштем ва соатҳоеро бо ҳам дар гуфтугӯ сипарӣ мекардем. Дар ҳамоишҳои мухталиф пешопеш қарор мегузоштем, ки ҳар ду ширкат мекунем, то ба дидори якдигар бирасем…
Чанд муддате ки дар Олмотӣ ва шаҳрҳои дигар  бо ҳам будем, аз нахустин сафари Шумо ки ба дидорам омада будед, ва дар мулоқотҳои баъдӣ низ, саъй мекардам ин мусофиратҳо пурмуҳтаво ва хотирмон бошад. Ошиқи китоб будед, медонистам, аз китобфурӯшиҳо ва китобхонаҳо боздид мекардем. Ҳамроҳ китобҳо мехаридем…аз музейҳо ва ҳунаристонҳо боздид мекардем…
Ғамамон афзун мешуд, ки дар меҳани азизи мо "ҳунар хор шуд, ҷодуӣ арҷманд!" (Фирдавсӣ) ва дигар ба китобу хираду дониш қадру қиммате намондааст… Дигар ҳунари воқеъӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи хешро аз даст додаст… Он замон дар пойтахти кишвар ҳатто як китобфурӯшӣ ҳам намонда буд..

… Талош мекардам ки барои бародарам ин сафарҳо хуш бигзарад. Соатҳо аз хотироти худ мегуфтему механдидем. Пас аз бозгашт ва расидан ба манзил, ҳамоно ба ман телефон мекарданд ва аз ман ташаккур мекарданд. Ин ҳама одобдонӣ ва чизи кучакеро чунин бо меҳри бекарон посух гуфтан ва хеле зуд дар пайи тадоруку ҷуброн будан, аз вежагиҳои шахсияти  бародари азизи ман, Абдуманнон буд. ..
Дареғо ки дигар садои гарми "ассалому алайкум, бародарҷон!" гуфтанашонро намешунавам, ва сад дареғ ки дигар бародаре ва дардошное мисли ӯ низ надорам… Магар ин, ки бо ёду хотироте дил хуш кунам. Гоҳо меандешам, чӣ хосияте дар одамӣ ҳаст, ки дар баробари ҳуҷуми лашкари ғам меистад ва аз пой дар намеафтад…

Бародарии мо, ки ба қавли Абдуманнон "бародарии қиёматӣ" буд, то охарин лаҳзаҳои зиндагии ҷисмонии эшон идома ёфт…
…Рӯзаке чанд, пеш аз ин хабари даҳшатзо дар канори бародарам будам ва ба шаҳри дили ману зодгоҳи эшон омада будам, ки бино ба далоиле  солҳо наёмада будам…
Оё ман метавонистам, наёям.!? Пайваста тамоси телефонӣ доштем, аз оғоз то анҷом. Аз шурӯъи беморӣ ва мароҳили табобат дар бемористонҳои Хуҷанду Душанбею Теҳрон, аз ҷарроҳӣ ва талоши пизишкон барои табобат ва ахиран барои тӯли умр, бо бародари фақидам, бо фарзандонашон, бо дӯстонашону шогирдонашон, бо пизишкон, дар иртибот будаам ва дилам мехост, ҳарчӣ аз дастамон биёяд, барои шифои эшон ёрӣ ва тавони хешро дареғ надорем… Абдуманнон фарзандони хуб тарбият карданд, дӯстон ва шогирдони вафодоре доштанд, ки ҳамагон омода буданд, ки ҳарчӣ лозим аст, барои шифои эшон анҷом диҳанд.

Вале афсус… Чун қазо ояд, табиб аблаҳ шавад…
Ман худро бо ин таскин медиҳам ки ду се рӯз пеш аз даргузашти эшон дар канорашон будам ва аз ҳамон роҳе ки эшон бо заҳмати зиёд, 17 сол пеш ба дидорам омада буданд, ба меҳани азизамон омадам, то ба дидорашон бирасам. Дар ин муддат робитаи Узбакистону Тоҷикистон беҳтар нашуд ва бо камоли таассуф ёдовар мешавам, ки барои як тоҷик убур аз қаламрави Узбакистони кунунӣ ва ба вежа аз марз, бадтар аз убури  дӯзах аст. Ин ҳама таҳқир ва ин ҳама бе эҳтиромӣ ва хориро ҳаргиз дар ҷои дигаре намебинед. Умедворам, марзбонони Тоҷикистон нисбат ба бародарону хоҳарони ӯзбаки мо, ки садаҳо бо ҳам будаем, ва инак дасти тақдир моро ҷудо карда аст, чунин муносибатро раво надоранд ва ҳаргиз ба ин андоза пастӣ роҳ надиҳанд! Хирад ва фарҳанг ва таърихи мо иҷоза намедиҳад, ки ба инсонҳо чунин рафтори бераҳмона, беадолатона ва таҳқиромезро раво дорем!

…Пас аз расидан ба хоки поки Тоҷикистон ва мулоқоте дар марз бо бародарони азизи мастчоҳиям, мустақим ба хонаи Абдуманнон рафтам, то ҳарчӣ зудтар эшонро бубинам. Дилам барояшон хеле танг шуда буд. Ба вежа аз он ҷиҳат, ки рӯзҳои охир на ҳамеша гӯшии телефонро мебардоштанд, ва беморӣ эшонро озори бештар медод. Тамоси мо аз тариқи Фахруддинҷон писари фозили эшон анҷом мешуд.
Писарони нозанинашон маро пешвоз гирифтанд, аз аҳволи падар иттилоъи бештаре доданд. Муддате дар саҳни ҳавлӣ нишастем, маро меҳмондорӣ карданд, то бемор пас аз муоинаву давои пизишк, ки ахиран бештар давоҳои мусаккин мекарданд, истироҳат кунанду ба худ биёянд ва мо пасон ба дидор бирасем. Пас аз муддате Фахруддинҷон, писари донишманду номбардори падар, аз утоқи бемор берун омаданд ва маро ба назди падар хонданд. Бо салом вориди утоқ шудам ва бародарам рӯи кат дароз кашида буд, бо садои бурро ва гармашон "Ассалому алайкум, бародарҷон!" гӯён истиқбол карданд. Дард хастаашон карда буд, дигар аз он чолокӣ ва гироӣ чизе намонда буд, андоми лоғарашон боз лоғартар шуда буд. Чашмонашон мисли ҳамеша хандон буд ва дар жарфои чашмонашон нишонаҳои андӯҳи жарферо эҳсос кардам, вале ҳамоно дар оинаи чашмонашон  пӯёӣ ҳувайдо буд ва ба назар чунин мерасид, ки  умқи чашмон бештар шудааст…Бо ин ҳама аз зиндагӣ сухан мегуфтанд..

Аз чашмони хаста вале нурполояшон ва аз забони ширину шаҳдолояшон суханҳои гарму самимӣ берун меомад. Новобаста ба ин ки хеле дард кашида буданд ва асари хастагию ранҷурӣ аз чеҳраашон пайдо буд, бо гармӣ ва меҳрубонӣ маро пазируфтанд ва аҳволпурсӣ карданд… Эҳсос кардам, ки омадани маро интизор буданд. Чун ман аз тариқи телефон иттилоъ дода будам, ки меоям. Аз Фахруддинҷон шунидам, ки мехостаанд, барои устод Шакурӣ, устод Акбари Турсон ва банда нома бинвисанд. Ба устод Акбар номае ҳам навиштаанд…

Ба писарони нозанинашон аз "амакашон" мегуфт ва дили маро бештар хун мекарданд, ангор ба сафари тӯлоние омода мешуданд ва маро ба писаронашон вогузор мекарданд… Мегуфтанд ҳамаашон, хона доранд, кор мекунанд, Шумо дар ғурбат будед, мо инҳоро зан додем, ҳамааш вазъи хуб доранд… Ман талош мекардам, ки худро ба даст бигирам ва коре бикунам, ки бародарам, ашкҳои сӯзони маро набинанд ва худо накарда фикр кунанд, ки ман ҳам умедамро кандаам… Аз ину он сӯҳбат мекардам ва кӯшиш мекардам ки лаҳзае ҳам бошад, хотирашонро ба ҳарфҳое тасаллибахш банд кунам. Аз сафари Эрону дӯстони муштараки эрониамон ёдовар шудам ва аз доктор Некуфар, ки пизишки хубесту дар Эрон ба табобати бародари азизи мо машғул шуда буд, ёд кардем, ки дар охарин сафари Абдуманнон ба Теҳрон, мо ҳамроҳ ба дидораш рафта будем, то ба поси он ҳама муҳаббатҳо ва талошҳояш, сипос бигӯем ва эҳтиромашро ба ҷо биёварем. Аз дил гузаронидам,  "во асафо ки ҷарроҳӣ дар Эрон анҷом нашуд!"… Гӯиё бародарам ҳарфи дили маро мешуниданд, ки гуфтанд: Гузашт акнун, бародарҷон! Бо садои гиро вале маъсум ба он чизе, ки аз дили ман гузашт, посух доданд, бародарам!.
Вале ман боз ҳам намехоҳам, ки сӯҳбати мо, оҳанги ҳасрат дошта бошад ва аз он бӯи яъсу ноумедӣ биёяд…
Сӯҳбатро ба сӯи фаъолиятҳои оянда мекашам ва аз корҳои пажӯҳишӣ ва донишгоҳӣ  ҳарф мезанам. Мебинам, ки эшон дигар он алоқамандии қаблиро аз даст додаанд ва эҳсоси хастагӣ ва андӯҳ дар чеҳраашон ҳувайдост… Аз дил мегузаронам, худо нахоста ин дидори охирин бошад… Вале дилам намехоҳад, ки ба ин андеша бовар кунам.
На бародари ҷон! Ҳарчанд, медонистам ки ин беморӣ бисёр сангин аст ва ҳанӯз илоҷи онро наёфтаанд, боз ҳам ба мӯъҷизае бовар мекардам… фикр мекардам эзади донову тавоно ин бор мӯъҷизае барои бародари азизи ман арзонӣ медорад ва намегузорад, ки мо то ин андоза бадбахт шавем ва азизи нозанин ва донишманди бемонандамонро аз даст бидиҳем, ки дорои мағзи пур аз андеша ва нақшаҳои азими амалиношуда буд… Охир ин ҷаҳон аз ӯ ҷуз некӣ ва меҳрубонӣ ва саховат ва садоқат ва хидмат дар роҳи илм ва дар роҳи Худо чизе надидааст!? Пас, мӯъҷиза ба чӣ кор ояд?!
Вале вой бар мо ки:

Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурданд,
Маргро сар ҳама фурӯ карданд.


ва чӣ илоҷ ки :           

Ҳама маргроем, пиру ҷавон,
Ки марг аст чун шеру мо оҳувон!.

…Аз нақшаҳои илмӣ, ки борҳо бо ҳам табодули назар карда будем ёдовар мешавам, ва аз он ки бархе аз пажуҳишҳояшонро барои чоп дар Эрон бояд омода сохт ва ғайра… Ман мегӯям, қарор аст, Шумо тазкираи шоъирони  Чоч, Фарғона ва Марв ва ғайраро омода кунед, ман барои чопи ин китобҳо дар Эрон гуфтугӯ кардам … Эшон мегӯянд, агар худо хоста бошад… Мебинам, ки бародарам, хаста ва бемадор аст ва шояд аз зӯрии дард бошад, ки ба худ мепечад. Бо эшон худоҳофизӣ мекунам ва мегӯям ман ҳамроҳи бародарам, Каримуллоҳ ҳастам ва ӯ дар  ин ҷо хона дорад, ва ман ба хонаи ӯ меравам ва фардо бармегардам, то боз сӯҳбатро идома диҳем. Абдуманнон, бародари қиёматии ман, бо оҳангӣ чиддӣ мегӯянд, Шумо ҷое намеравед!, ҳаминҷо мемонед.! ва ба писаронашон дастур медиҳанд, ки амакатро дар фалон хона ҷой кунед, ҳамроҳашон бошед, чанд рӯзе ки бошанд, дар хидматашон бошед… Ман эҳсос мекунам, ки набояд баҳсе бикунам. Бояд комилан пойбанд ба ҳарфҳои бародарам бошам. Розӣ мешавам ва эшонро ба худо месупорам ва бо писаронашон аз утоқ берун меравем…

Ба Фахруддинҷон мегӯям, ки ман бо Каримуллоҳ меравам, бачаҳояшро мебинаму бармегардам. Хоҳаракам, Фарзонаҷонро низ, бояд медидам!
Эшон мегӯянд, илоҷашро меёбем. Ман тибқи ваъда бармегардам. Шабро дар хонаи  бародарам, дар ҳалқаи писарони эшон, мегузаронем. Фахруддинҷон маро аз хоб бедор карданд ва барои субҳона ба сари суфра хонданд. Хоҳаракам бо шавҳарашон Толибҷон омада буданд ва ман аз ин "тадбири"  Фахруддинҷон бисёр хушҳол шудам. Фахриддинҷон субҳи зуд ба хонаи эшон рафта онҳоро оварда буданд…ва барои ман миннат гузоштанд…
Пас аз аҳволпурсӣ, ва сарфи субҳона ҳамроҳ ба аёдати бемор вориди утоқ шудем. Ҳамаамон, талош мекардем, ки худро ба даст бигирем ва аз худ заъфе ба бемор нишон надиҳем, баръакс коре кунем, ки аз бемор дилдорӣ карда бошем… Вале ин кори бисёр сангин аст. Мо муддате дар гирди кати Абдуманнон нишаста аҳволпурсӣ мекунем ва аз худои қодири беҳамто, барои бародари азизамон шифо мехоҳем. Бе он ки хоста бошем, ашк дар чашмонамон ҳалқа мезанад ва мо талош мекунем, ки пинҳон намоем. Ҳарфҳои барои дилгармӣ ва дилдорӣ мегӯем, Абдуманнон низ барои мо, суханҳое самимӣ ва бародарона аз жарфои ҷони худ берун мекунанд, ангор моро ба бурдборӣ ва шакебоӣ мехонанд ва ишора мекунанд, ки "корҳои муҳиме дар пеш аст…" …Ангор моро омода мекарданд…
Мо ба якдигар ишора мекунем, ки набояд беморро хаста кунем.  Ҳама нигарон будем, вале ҳеч яке аз мо намедонист, ва ё намехост бидонад, ки пас аз ду се рӯзи ин мулоқот бародари азиз ва дӯсти меҳрубон ва донишманди камназири мо, дори фониро видоъ мегӯянд ва ба ҷовидон мепайванданд… Ман мегӯям, бародарҷон, агар иҷоза диҳед, барои як муддати кутоҳе ба Панҷекат меравам. Ҳудуди ду моҳ пеш бародари кучакам, Зикруллоҳ, ки ҳамаги сию як сол дошт, ва дар ин муддат бо ҳушёрӣ ва зиракии худ, ширкате таъсис намуда рӯзгорашро пеш мебурд ва ба ҳамаи мо дасти ёрӣ дароз мекард, дар як садамаи атумубилӣ, дар ҳамин шаҳри Хуҷанд, ба ҳалокат расид ва чаҳор фарзанди хурдсолашро бо хонумаш, ки ҳанӯз дар оғози зиндагист, ва падарашро, ки амаки ман ҳастанду ӯро соҳиби хонаву дари хеш ва меросбардор медонистанд, ва ҳамаи хешу ақраборо ба мотам нишонд….

Ман ба далели он ки ҳангоми марги ӯ дур аз меҳан будам, натавонистам дар ҷанозааш ширкат кунам, .. шармандаам, ва бояд ҳарчӣ зудтар биравам ва бастагонро ҳамдардӣ кунам ва мазорашро зиёрат  кунам… Бародарам, Абдуманнон, афсус мехуранд ва дуъо мекунанд, ки Худованд дар биҳишт ҷояш диҳад ва мегӯянд, чаро нагуфтед, ки агар  ман  ҳам наметонистам, ино (манзур бачаҳояшон буд) мерафтанд… Ман мегӯям, нахостам дар чунин шароит музоҳими Шумо бишавам. Бе ин ҳам ҳангоме, ки духтари ман дар беморхонаи Хуҷанд, ҷарроҳӣ шуд, Шумо бо вуҷуди беморӣ ҳам худатон заҳмат кашидед ва ҳам аҳли хонаводаатонро водор кардед, ки ҳар рӯз аз ӯ хабар бигиранд ва ҳама гуна ёриро дареғ надоранд ва маро бо муҳаббататон шарманда кардед.. Бародарам дасти дуо мебардоранд ва барои ман тавфиқ мехоҳанд. Ва ман қавл медиҳам, ки ба зуддӣ бармегардам. Баробари расидан ба Панҷекат ба Фахруддинҷон занг мезанам ва аҳволпурсӣ мекунам ва ҳамин тур ҳар рӯзе ки ман дар Панҷекат будам дар тамос будем. Масоили марбут ба ин, ки чӣ кор бояд кард, ки ба суди бемор бошадро, табодули назар мекардем…
Вале вой бар мо, ки :

Зи модар ҳама маргро зодаем,
Ҳама бандаем, арчӣ озодаем!


Ҳамон лаҳзае, ки хабари маргаш ба ман расид, бароям ҷаҳон ранги мотам гирифт, рӯзи рӯшан дар чашмонам ба шаби сияҳ бадал шуд, чӣ торикии даҳшатзост ва дарднокест.., дар осмон ситорае намебинам… Ситорае дурахшиду париду рафт…
Меҳмонҳоям, ки аз роҳҳои дуру наздик ба дидори ман омада буданд, медиданд, ки баробари расидани ин хабари номаймун ва сангин ман дасту поча шудам ва забонам лол шуда буд… бе ихтиёр ашк аз чашмонам ҷорӣ мешуд. Мехостанд, маро дилдорӣ кунанд, мегуфтанд, хуб Шумо медонистед, ки бемории эшон сангин буд… Аз сӯи худо омадаем ба сӯи ӯ бозмегардем, роҳи дигаре надорем ва амсоли инҳо….
Ман  ҳамоно тасмим гирифтам, ки бояд биравам ва дар ҷанозаи эшон ширкат кунам ва меҳмононамро дар зодгоҳам гузоштам ва озими Хуҷанд шудам. …Худро коҳиш мекардам, ки чаро зуд аз наздаш омадам ва чаро он ҷо намондам. Шояд, бародарам ҳарфҳое дошт, ки ба ман мегуфт...
Он рӯзҳо ин байти ҳаким Умари Хайём, нохудогоҳ, сари забонам буд:

Омад шудани ту, андар ин олам чист,
Омад магасе, падиду нопайдо шуд…

Ва ҳамчунин ин байти ҳаким Низомии Ганҷавӣ:

Бечора касест, одамизод,
Хоке ки чу пуф кунӣ, барад бод!


Хулоса, ҳолам ба ҳам хурд, пас аз лаҳзаҳое сангин ба худ омадам ва пушти фармон нишастам, ва ба сӯи Хуҷанд ҳаракат кардам..
Роҳе чандон нарафта будам, ки аз тариқи телфун хабар доданд, аҷала накунед, намерасед, қарор аст, субҳи зуд ба хок супоранд… Роҳ бисёр хароб аст, беҳтар аст оҳиста оҳиста биёед.. Ҳам роҳи Панҷекат то шаҳраки Айнӣ хароб аст, ҳам ағбаи Шаҳристон, имкони бо суръат рафтан нест… Медонистам, аз ҳамин роҳ омада будам, дар воқеъ роҳ бисёр хароб аст, ва роҳи Панҷекату Айниро шояд беш аз чиҳил сол ва ё панҷоҳ сол пеш таъмири ҷиддӣ карда бошанд…
Оҳ кашидам, оҳ, ки агар имрӯз дар гӯшае аз меҳани азизамон  бимирем, бастагонамон наметавонанд, биёянд ва ба хок биспоранд. Борҳо шудааст, фарзандони ин диёр, натавонистаанд падару модар ва ё бастагони дигарашонро ба хок супоранд! Аз Маскав бо ҳавопаймо то Хуҷанд ва ё то Душанбе мерасанд, вале то Панҷекату Айнию, Масчоҳ роҳ баста аст… Дареғо, ки гоҳо барои дар ҷанозаи азизонамон ширкат намудан низ, имкон надорем…
На роҳи дурусте дорем, на бо ҳамсоягонамон хубем… Роҳҳо баста, дилҳо шикаста, рӯҳҳо мурда, чӣ бояд кард.?! Магар аз забони устоди беҳамто, Лоиқ, боз фарёд занем ки:

… Оҳи ман гӯрро битарконад,
Оҳи ман, оҳи рӯзгори ман аст…

Ба худ гуфтам "ёрам, чӣ ғарибона, рафтаст, аз ин хона!"
…Мошинро нигаҳ доштам ва дар канори чашмае нишастам ва ба ёди  ёри сафар кардаам ва бародари аз даст додам зор зор гиря кардам…
Тасмим гирифтам, ки агар қарор бошад, ки ба намози ҷанозааш нарасам, пас бармегардам, меҳмонҳоямро гусел мекунам ва баъд меравам, ки хоки шарифашро зиёрат бикунам ва ба фарзандону хонаводаи мӯҳтарамаш ҳамдардӣ бикунам. Модари пирашро дилдорӣ кунам. Модаре, ки бародари ман, бо тамоми вуҷудаш эшонро дӯст медошт… ва модаре, ки доғи писари нозанини хешро то қиёмат дар қалби хеш нигаҳ хоҳад дошт! ..Ҳамин лаҳзаҳо буд, ки Мисбоҳаддини Нарзиқул, чун аз дӯстию рафоқати мо огоҳ буд, телефон кард, ки дар куҷо ҳастам, ва оё қасди сафари Хуҷанд дорам ё на, то бо ман ҳамроҳ шавад. Ба ӯ гуфтам, ки тасмим гирифтам, баъдтар биравам.
Ҳамон рӯз аз тариқи телефон бо Фахруддинҷон, ҳарфҳое барои тасаллои дили якдигар раду бадал кардем… ду се рӯз баъд ман ба Хуҷанд омадам, то дар маҷлиси тарҳими  бародари аз даст рафтаам ширкат намоям.

Медидам, ки он рӯзҳо мардумони ҳушёр ва бедори он диёр дар ҳасрати яке аз дурахшонтарин ситораҳои илму адаб ва фарҳанги зодбуми хеш месӯзанд… Дар ҳасрати ситорае ки дар осмони  Тоҷикистон, (ин диёре ки ҳам акнун  камнур ва бе рамақ шуда аст ва ба  кавири ҳасрат табдил шуда ва ба қавли устод Мирҷоладдини Каззозӣ "набояд баҳишт ба дӯзах табдил шавад!"), намоёнгари роҳи бартар, барои раҳгумкардагоне буд…
Медонистам, ки илми адабиётшиносии тоҷик, яке аз бузургтарин  донишмандонашро аз даст дод. Имрӯз дар ин диёр афроде мисли ӯро душвор аст пайдо кард. Чӣ гуна нагирям, ки  дар меҳани азизи ман, ба илму олим  қадру қиммате намондааст, ҳамакораҳои хечкора аз номи илм ҳарф мезананд, агарчӣ "ъилм"ашонро ба ҷуз ду се тан аз ҳамбазмонашону дӯстонашон,  касе намедонад ва эътирофе надорад. Ин тоифа бо ёрии фасод, ришва, гурӯҳбозӣ ба мақомҳое мерасанду унвонҳое дарёфт мекунанд, ва обрӯи илму олимро низ бурдаанд… Намунаи боризи ин гуна фаъолиятҳои "илмӣ" ҳамин "Фарҳангҳои ҷилдфарбеҳи забони тоҷикӣ" аст, ки ду ҷилди он соли 2008 ба чоп расидааст,ва мавриди эътирозу интиқоди ҷиддӣ аз сӯи  бархе аз соҳибназарон шуд. Бе тардид чунин кори  "илмӣ" яқинан бар зарари илм буда, аз обрӯи илм коста аст, ва ҷуз бадномии илм чизе нест!..

Ва бузурворе мисли Абдуманнон, ки боясти мояи ифтихори кишвар ва илму адаби ин диёр мебуд, ва барои мардуми огоҳ чунин ҳам ҳаст! муддатҳо барои дарёфти қути лоямут, бо фарзандонашон кишоварзӣ  мекарданд, то рӯи ниёз ба фурумоягоне набарад…
Вале бо ин ҳама, бедоди замон, бародари аз даст рафтаам то охарин лаҳзҳои зиндагиашон, талош мекарданд, ки пояи илму омӯзишро дар ин обу гил  устувортар созанд, пеш бибаранд, тавсиъа бахшанд, нагзоранд, ки ба ҳоли мо душманонамон биханданд, ва кӯшишҳое карда буданд, то нишон диҳанд, дар ҳамин муҳити хафакунанда  низ, ки илми воқеъӣ чунонки мебояд қадршиносӣ намешавад, ва фазои мусоъид, барои дастовардҳои илмӣ бисёр маҳдуд аст, моҳонаи як устоди донишгоҳ барои харҷи рӯзгораш намерасад, боз ҳам метавон, корҳое дархури илм, ва сазовори номи баланди миллати куҳан ва хирадкеши мо, анҷом дод!...

Чӣ гуна нагирям, ки Тоҷикистони дар ғафлатмонда, яке аз беҳтарин фарзандонашро аз даст дод!
Бо марги устод Абдуманнони Насриддин аз кохи буланди забон ва адабиёти тоҷик сутуни устуворе  шикасту фурӯ рафт ва ҳама дӯстдорони фарҳангу адаби  моро сугвор кард…
Устод Абдуманнони Насриддин беш аз 35 соли умри пурбаракати хешро ба таҳқиқу таълифи осори арҷманде дар заминаҳои мухталифи фарҳангу адаби мо гузаронид. Медонам ки шабу рӯзи хешро ба мутолиъа ва навиштан мегузаронид. Таълифи панҷ шаш ҷилд китоби ҷиддии таҳқиқӣ ва теъдоди фаровони рисола ва мақола, ва хешро омода кардан барои тадрис дар донишгоҳ ва суханрониҳои бешумор дар дохили кишвар ва хориҷ аз он, вақт мехоҳад ва ин кор ғайримумкин аст, магар ин ки соъати истироҳат ва хуру хоб ба ҳадди аққали мумкин бирасад…
Ин дархури Абдуманнон буд. Ва ин буд, ки самараи умри ӯ бе иғроқ дучандон буд, ки мардумон мепиндоранд.

(Идома дорад)
Сафар Абдуллоҳ



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)