Бахшҳо

Нигаронии БАОР аз додугирифти барқ дар минтақа

Бонки авруосиёии рушд дар гузориши нави таҳлилии худ бо унвони «Равандҳои ба ҳамоӣ дар бахши электроэнергетикаи кишварҳои узви бонк», ки ба ҳайати он Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Арманистон ва Белорусия дохил мешаванд, ҳамкории электроэнергетикии ин кишварҳоро нигаронкунанда арзёбӣ намудаст.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии БАОР дар гузориш мушкилоти рушди бозори муштараки энергетикӣ дар минтақа  ва ҳамкории байнидавлатӣ дар ин соҳа мавриди таҳлил қарор гирифтаст.
Муаллифони гузориш мегўянд дар ҳоли ҳозир дар самти додугирифти барқ миёни кишварҳои узви бонк на пешравӣ, балки қафоравӣ мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, аз миёнаҳои соли 2000-ум, додугирифти байниҳамии барқ майли поёнравӣ намуда, содироти барқ 30 фоиз ва воридот 60 фоиз кам шудаст: «Ин чанд сабаб дорад. Аз ҷумла, дар дохили худи кишварҳои минтақа ҳам талабот ба барқ зиёд шудаст. Аммо сабаби асосӣ он аст, ки кишварҳои алоҳидаи барои роҳандозии додугирифти барқ ба созиш омадан намехоҳанд»
Масъулини Бонки авруосиёии рушд таъкид мекунанд, ки дар амалияи муносибатҳои байнидавлатии минтақа ҳолатҳое ҷой доранд, ки ба фазои ҳамкорию ҳамсоягарӣ дуруст намеояд: «Аз ҷумла кишварҳои алоҳида раванди интиқоли содироту воридоти барқро қатъ мекунанд. Қатъи  шабакаҳои барқи байнидавлатӣ  ва ҳатто ҷудосозии пурраи низоми миллии энергетикӣ  аз фаъолияти паралелӣ бо дигар низомҳо ҷой доштанд».
Таҳлилгарони БАОР дар гузориши худ зурурияти ҳар чӣ тезтар бартараф намудани монеаҳои мавҷударо зимни додугирифти нерўи барқ дар минтақа таъкид карда, созмони бозори муштараки энергетикиро муҳим арзёбӣ кардаанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)