Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:36

Э.Раҳмон: Ваҳдат ҳамвазни истиқлол аст

26 июн 2012, 05:02

Имрӯз, 26-уми июн дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад бо иштироки президент   Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба солгарди 15-уми Рӯзи Ваҳдат    баргузор гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, дар ин ҳамойиш Эмомалӣ Раҳмон  Ваҳдати миллии Тоҷикистонро арзиши волою муқаддас ва ҳамвазни истиқлол номида, аҳли толор ва кулли мардумро ба қадрдонию арҷгузорӣ ба ин санаи таърихӣ    даъват намуд.
Бо ёдоварӣ аз рӯзҳои пурдаҳшати солҳои муноқишоти мусаллаҳона ва музокироти зиёди мураккаб миёни тарафҳои муқобил президенти Тоҷикистон ба ҳамаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии кафили сулҳ ва ҳамчунин ҳар як нафаре, ки дар барқарорсозии сулҳу осоиш дар Тоҷикистон як зарра саҳм гузоштааст, арзи сипос кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!