Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:04

Ҷангандаҳои Туркия бар фарози осмони Сурия чӣ мекунанд?

26 июн 2012, 09:56

Сарнагунии ҳавопаймои Туркия бар фарози осмони Сурия, ки ду рӯз пеш иттифоқ афтод, нишондиҳандаи бахши дигаре аз иқдомоти таҳрикомези Анкара алайҳи Димишқ аст.

Манобеи огоҳ таъкид доранд, ки иқдомоти Туркия танҳо ба парвози ҳавопаймоҳои ҷангандаи низомӣ маҳдуд нест, балки ҳавопаймоҳои борбарӣ ва лоҷастикии Туркия ба таври доимӣ дар масирҳои наздики марзӣ, таҷҳизоти лоҷастикӣ, иртиботӣ ва ҷангиро аз ҳаво бо чатр барои мухолифони мусалаҳ ирсол мекунанд.
Ҳадаф қарор гирифтани ин ҳавопаймои Туркия нишон дод, ки дифои зиддиҳавойии Сурия тасмим дорад аз ин ба баъд ҳавопаймоҳои ҷангиеро, ки дар манотиқи  марзӣ парвоз мекунанд, ба унвони як иқдоми хасмона тавсиф ва онҳоро сарнагун кунанд. Бахше аз ин таҷҳизот ба ҷуз пул ва таҷҳизоти лоҷастикии размии иртиботии Турикия барои ниманизомиён дар Сурия, иборат аз хумпораҳои шимиёӣ аст то дар шароити вижа аз он истифода кунанд.
Моҳвораҳои низомии Амрико, режими саҳюнистӣ ва Англия ва парвози муназзами АВАКСҳои ин кишвар, замни касби итилооти ферсконсӣ ва тасвирбардорӣ  аз таҳаррукоти артиши ин кишвар, ба таври "онлайн" ин итилоотро ба ниманизомиёни мухолифи Сурия, мунтақил кунад.
Амрико бо итилооти худ дар назар дорад, то аз талафоти ниманизомиёни мухолиф бикоҳад ва аз суи дигар ҷанги равонии фаъолеро ба пеш бибарад. Фирори ҳавопаймоҳои Миг и Сурия, ки ба Урдун паноҳанда шуда, низ аз тариқи системи иртиботии АВАКСсҳо ва моҳвораҳои Амрико ҳидоят шуда ва ба суръат нисбат ба паноҳанда шудани халабон, дар замони кутоҳ иқдом шуд, ки нишондаҳандаи ин аст ки амалиёт бо ҳидоят ва мудирияти дастгоҳҳои итилоотии Англия анҷом гирифта, то нишон диҳад фазои резиш дар сохтори низоми Сурия, вуҷуд дорад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!