Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:08

Аврупо ба Тоҷикистон шарт мегузорад. Зимни ҷудо кардани грантҳо

26 июн 2012, 10:05

Иттиҳоди Аврупо барои додани грантҳо дар бахши иҷтимоӣ ба ҳукумати Тоҷикистон шарту шароитҳоеро хоҳад гузошт.

Аудроне Перкаускене, мушовир оид ба масоили ҳуқуқи инсони Хадамоти робитаҳои хориҷии Аврупо дар як семинар оид ба шиканҷа дар Душанбе гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо тамоми салоҳиятҳояшро ба кор мебарад, то ҳангоми додани кӯмакҳо ба бахши иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистон шартҳои мушаххасеро ба ӯҳда гирад.
Ба гуфтаи хонум Перкаускене бояд ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо созмонҳои ғайридавлативу ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, бахши хусусӣ ва ба хусус дар мубориза бо шиканҷа густариш ёбад. Вай аз ҷумла афзуд: «Аз якуми июн озмуни қабули лоиҳаҳо оид ба шиканҷа оғоз шуд ва барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 16 миллион евро ҷудо шудааст. Соли 2013 Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон барномаи наверо дар бораи ҷудо кардани грантҳо роҳандозӣ мекунад ва мо тамоми фишорҳои сиёсиро истифода мекунем то кор дар самти мубориза бо шиканҷа дар ин кишвар беҳтар гардад».
Аммо хонум Аудроне бо баёни ин ки онҳо тамоми салоҳиятҳояшонро барои беҳтар амалӣ шудани кор дар самти мубориза бо шиканҷа истифода мебаранд, ҳамчунин гуфт, ки ин чораҳо ҳанӯз кофӣ нест ва бояд худи созмонҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ва мубориза бо шиканҷа кӯшиш кунанд. «Зеро пеш аз ҳама ин кишвари шумост ва ҳар кори хайре анҷом медиҳед, барои мардуми худатон аст», афзуд ӯ.Дар ҳоле намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз фишорҳои молї ҳангоми додани кўмак ба кишварҳои ниёзманд сухан мекунанд, ки ахиран худи кишварҳои аврупоӣ аз сабаби буҳрони иқтисодӣ ва пойинравии қурби пули евро ба мушкил мувоҷеҳанд ва ин боиси нигаронии кишварҳои узви ин иттиҳод гаштааст.  
Ёдрас мешавем, ки Иттиҳоди Аврупо бузургтарин донори дунё маҳсуб мешавад ва дар Тоҷикистон аз соли 1992 ба инҷониб ҳама сола барои рушди соҳаҳои гуногун ҳудуди 25 миллион евро кӯмак мекунад. Ин маблағҳо асосан ба соҳаҳои тандурустӣ, бахши хусусӣ, ёрии техникӣ, назорати сарҳад ва мубориза бар зидди нашъаҷаллобӣ, маориф, ҳифзи муҳити зист, муҳоҷират, ҳуқуқи инсону демократия ва рушди соҳибкории хурду миёна ҷудо мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!