Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 17:00

Бонкирҳо дар Тоҷикистон аз ҳама маоши баланд мегиранд

26 июн 2012, 11:44

Тибқи иттилои расмӣ, ба ҳолати аввали моҳи майи соли ҷорӣ маоши баландтаринро дар Тоҷикистон кормандони бонку молия мегиранд, ки ба ҳисоби миёна 1 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.

Дар бахши хизматрасонии нақлиёту алоқа тарабхонаю меҳмонхонаҳо маоши миёна ба 1 ҳазору 300 сомонӣ баробар шудаст. Умуман, дар соҳаи хизматрасонӣ маоши миёна дар моҳи апрел 569 сомониро ташкил додаст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22,1 фоиз бештар мебошад.
Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар бахши воқеии иқтисодиёт маоши баландтаринро кормандони  соҳаи саноати кӯҳкорӣ мегиранд,  ки 1 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад. Кормандони соҳаи барқ, газ ва таъминоти об ба ҳолати аввали моҳи май 936 маош доштаанд.
Маоши пасттаринро ба ҳолати аввали моҳи май дар Тоҷикистон кормандони хоҷагии қишлоқ ва ҷангалпарварӣ мегиранд, ки ба ҳисоби миёна 134  сомонӣ аст. Кормандони соҳаи моҳипарварӣ 239 сомонӣ маош мегиранд.
Дар маҷмӯъ, ҳаҷми маоши миёна дар бахши воқеии иқтисод, ба иттилои Агентии омори кишвар аввали моҳи май баробари 431 сомонӣ шудаст, ки дар муқоиса бо апрели соли гузашта 14,1 фоиз зиёд аст.
Маоши ҳадди ақал дар кишвар ҳоло 80 сомонӣ буда, дар назар аст, аз моҳи сентябр то ба 200 сомонӣ баробар гардад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!