Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:55

Боз як маркази МегаФон дар Дарвоз

26 июн 2012, 12:37

Ширкати «МегаФон» дар ноҳияи Дарвози ВМКБ маркази нави хизматрасониро ифтитоҳ намуд.

Тавре Шаҳноз Комилзода, масъули ин ширкат ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, дар маросими кушодашавии маркази мазкур дар  Қалъаи Хумб,  Муъмин Қаноат- шоири халқии Тоҷикистон ва Шамсмуҳаммад Назриев, райиси ноҳия ширкат ва  суханронӣ  намуданд.
-Ман шахсан шоҳиди онам, ки «МегаФон» ба рушди соҳаи телекоммуникатсия  дар минтақаҳои дурдаст саҳми арзанда мегузорад. Таври мисол, дар деҳаи Курговад    осорхонаро бо алоқаи боэътимоду интернет таъмин кардааст. Акнун меҳмонони  осорхона имкон  доранд  дар ин ҷо, дар қуллаи  баланди кӯҳ истода,  аз интернет истифода баранд» - гуфт  Мӯъмин  Қаноат.
Манбаъ афзуд, ба меҳмонони аввалини марказ аз ҷониби ширкати «МегаФон» тӯҳфаҳои хотиравӣ   супурда шуд, ғолибони бозии  бурднок   бошанд, соҳиби  ҷоизаҳо  аз қабили  телефонҳои  мобилӣ ва 3G модемҳои босуръати «МегаФон»  гаштанд.
Ҷоизаи асосӣ -  нетбук  ба Моҳхонум  Нурмаҳмадова,  сокини ноҳияи Дарвоз,  модари  панҷ  фарзанд  насиб гардид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!