Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:33

EURO-2012: Испания дар финал!

28 июн 2012, 04:03

Шаби гузашта Донетски Украина мизбони нахустин даври нимфиналии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо-2012 буд.

Бозии Португалия ва Испания яке аз «дағалтарин» сабқатҳои EURO-2012 эътироф гардид. Дар ин дидор теъдоди зиёди кортҳои зард (9) нишон дода шуд. Вақти асосӣ ва вақти иловагӣ мусовӣ-0:0 поён ёфт. Аз рӯи зарбаҳои 11 метра натиҷа 4:2 ба фоидаи испаниҳо шуд. Зарбаҳои аввали ҳар ду даста ба нишон нарасиданд. Зарбаи Хаби Алонсо (Испания)-ро дарвозабони Португалия Руй Патрисиу гардонд. Дар посух дарвозабони Испания Икер Касиляс низ бо маҳорати хосае нагузошт, ки Жоау Моутиню гол бизанад.

Баъдан Андрес Инест ва Херард Пике (Испания) ва Пепе ва Нани (Португалия) ба задании гол муваффақ шуданд. Зарбаи чоруми мунтахаби Испанияро Серхио Рамос ба нишон расонд, вале Бруну Алвеш натавонист, ки ҳисобро баробар кунад. Тӯби ҳалкунандаро Сеск Фабрегаси испаниягӣ зад.
Қабл аз ин яккачини Португалия ҳеч вақт дар сабқатҳои азим аз рӯи сил-силаи зарбаҳои 11 метра мағлуб нашуда буд. Дар мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо-2004 ва сабқати қаҳрамонии ҷаҳон-2006 тими мунтахаби Англияро аз рӯи пеналтӣ шикаст дод.
Тими миллии Испания ба даври финали EURO-2012 роҳхат гирифта, дастоварди мунтахаби Олмонро такрор намуд, солҳои 70-уми асри гузашта се маротиба пайи ҳам (Аврупо-1972, МҚҶ-1974 ва Аврупо-1976) ба қисмати ниҳойии сабқатҳои бузург роҳ ёфт.

Дар даври финалӣ португалиҳо бо ғолиби даври дуюми нимфинал, ки имшаб муайян мешавад, мубориза мебаранд. Ёдовар мешавем, соати 23:45 (ба вақти Душанбе) Олмон бо Италия вориди майдон мешаванд.

Натоиҷи бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:

Гурӯҳи A
08 июн, 21:00  Лаҳистон - Юнон - 1:1
08 июн, 23:45  Русия - Чехия - 4:1
12 июн, 21:00  Юнон - Чехия - 1:2
12 июн, 23:45  Лаҳистон - Русия - 1:1
16 июн, 23:45  Юнон - Русия - 1:0
16 июн, 23:45  Чехия - Лаҳистон - 1:0

Мавқеи дастаҳо: Чехия 6 имтиёз, Юнон 4, Русия 4. Лаҳистон 2.

Гурӯҳи B
09 июн, 21:00   Ҳолланд - Дания - 0:1
09 июн, 23:45   Олмон - Португалия - 1:0
13 июн, 21:00   Дания - Португалия - 2:3
13 июн, 23:45   Ҳолланд - Олмон - 1:2
17 июн, 23:45   Португалия - Ҳолланд - 2:1
17 июн, 23:45  Дания - Олмон - 1:2

Мавқеи дастаҳо: Олмон 9 имтиёз, Португалия 6, Дания 3, Ҳолланд 0.

Гурӯҳи C
10 июн, 21:00  Испания - Италия - 1:1
10 июн, 23:45  Ирландия - Хорватия - 1:3
14 июн, 21:00  Италия - Хорватия - 1:1
14 июн, 23:45  Испания - Ирландия - 4:0
18 июн, 23:45  Хорватия - Испания - 0:1
18 июн, 23:45  Италия - Ирландия - 2:0

Мавқеи дастаҳо: Испания 7 имтиёз, Италия 5, Хорватия 4, Ирландия 0.

Гурӯҳи D
11 июн, 21:00  Фаронса - Англия - 1:1
11 июн, 23:45  Украина - Швейсия - 2:1
15 июн, 21:00  Украина - Фаронса - 0:2
15 июн, 23:45  Швейсия - Англия - 2:3
19 июн, 23:45  Швейсия - Фаронса - 2:0
19 июн, 23:45  Англия - Украина - 1:0

Мавқеи дастаҳо: Англия 7 имтиёз, Фаронса  4, Украина 3, Швейсия  3.

Чорякфинал
21 июн, 23:45  №1: Чехия - Португалия - 0:1
22 июн, 23:45  №2: Олмон - Юнон - 4:2
23 июн, 23:45  №3: Испания - Фаронса - 2:0
24 июн, 23:45  №4: Англия - Италия - 0:0 (2:4 - аз рӯи пеналтӣ)


Нимфинал
27 июн, 23:45  Португалия— Испания – 00 (2:4 – аз рӯи пеналтӣ)
28 июн, 23:45  Олмон - Италия (Варшава)

Финал
1 июл, 23:45  Испания - Ғолиби нимфинали №2 (Киев)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!